Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон пайваста ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд

Октябрь 1, 2019 13:56

ДУШАНБЕ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастгириҳо ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таври пурра ва комил роҳандозӣ намудани тамоми иқтидорҳо, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ, дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат мутахассисони соҳаи сайёҳӣ аз дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳӣ ва шуъбаву бахшҳои он дар маҳалҳо аз 23 то 28 сентябри соли 2019 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳӣ» ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Дар ҷараёни омӯзиш ба иштирокчиён паҳлуҳои менеҷменти муосири сайёҳӣ, қоидаҳои муносиботи расмӣ, ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, истифодаи роҳҳои муосири ташкили тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар бо истифода аз воситаҳои пахш, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет омӯзонида шуд.

Инчунин аз 16 август то 5 сентябр дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  вобаста ба «Идоракунӣ ва рушди меҳмонхонаҳо» семинар баргузор гардид. Дар он кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбута дар маҳал, муассисаҳои олии таълимии риштаи сайёҳӣ ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Дар семинари мазкур ба иштирокчиён дар мавзуъҳои тарҳи меҳмонхона ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, заминаҳои электронӣ барои меҳмонхонаи интеллектуалӣ, навгонӣ дар кори меҳмонхонадорӣ, идора ва инкишофи неруи инсонӣ, низоми баҳогузорӣ ба кори меҳмонхона, бунёди дастаи босамари коргоҳи меҳмонхонаҳо, архитектура ва тарҳи сохтори меҳмонхона, умури идораи хӯрокаи меҳмонхонаҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Аз 4 то 25 сентябр намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳайати Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Варзоб, МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар семинари идоракунии рушд ва ҳамкории сайёҳӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён дар мавзӯъҳои хусусиятҳои рушди туризми ҷаҳонӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои хориҷии Чин, сайёҳии содиротӣ дар Чин ва операторони касбии сайёҳӣ, идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, ҷонибҳои манфиатдор ва рушди самтҳои сайёҳӣ, матбуоти нав дар бораи туризм ва маркетинги интернет, ҳолат ва стратегияи рушди сайёҳии Чин, нигоҳдории мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва рушди пайвастаи сайёҳии фарҳангӣ: намунаҳо ва таҷрибаҳо, масъалаҳои асосӣ дар бораи кашфи сайёҳии мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тамоюли рушди сайёҳии Чин, системаи хизматрасониҳои сайёҳии оммавӣ: мафҳум ва мисолҳо, тамоюли рушди агентии сайёҳӣ дар замони муосир «Интернет + Туризм» маълумот гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо туфайли саъю талошҳо ва азму иродаи сиёсии сарварони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои мардуми Тоҷикистону Чин пайваста таҳким ва ҳамкории гуногунҷабҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ тамоюли рушду густариш дорад.

Воқеан, сафар ба ин давлат, шиносоӣ бо шаҳрҳои Чин, ошноӣ бо маданияту фарҳанг, расму оини мардуми ба мо дӯсту шарик шароит фароҳам меорад, то мутахассисони соҳа малакаи корӣ ва ҷаҳонбиниашонро васеъ гардонанд.

Бояд гуфт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, дар ин самт тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, барои мустаҳкам кардани симои ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳии байналмилалӣ аҳамияти калонро доро мебошад.

Октябрь 1, 2019 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шермуҳаммад Шоҳиён: «Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст»
МО ХОТИРАИ ӮРО АБАДӢ ПОС ХОҲЕМ ДОШТ. Яке аз тарҷумонҳои касбии Тоҷикистон Мадориф Шарифов даргузашт
«ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ иштирок намуд
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд
ЭҲДО БА РЎЗИ МАВЛОНО. Пешвои миллат: «Осори Ҷалолуддини Балхӣ дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонданитарини аҳли олам қарор гирифтааст»
МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ! Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИМКОНОТИ РУШДИ САЙЁҲИИ УСТУВОР». Таҳти чунин унвон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил гардид
«МАВЛОНО-МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО». Дар Душанбе таҳти чунин унвон конфронси байналмилалӣ доир шуд
ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон доир мегардад
Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон дар Фестивали анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллии намояндагиҳои дипломатӣ дар Тошканд ширкат варзид