Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён баргузор гардид.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар кори ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва Россия иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 9 масъала баррасӣ гардида, иштирокчиён атрофи фарҳанги сиёсӣ ва сиёсати ҷавонон дар сатҳи кишварҳои ИДМ сухан гуфтанд. Қиёмиддин Миралиён вобаста ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти Ассамблеяи ҷавонон ва фаъол гардонидани намояндагиҳои кишварҳо пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба пазируфта шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз бо ҳамраисии Қиёмиддин Миралиён бо иштироки васеи вакилон аз кишварҳои ИДМ байни Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ ва Комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ҳамоиши муштарак доир гардид. Дар он намояндагони ҷавон ва олимону коршиносони соҳа дар мавзӯи “Рушди устувори ҳудудҳои кишоварзӣ” суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шамсулло Қурбонов иштирок намуд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд






