Кумитаи забон ва истилоҳот дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ санҷиш мегузаронад

Ноябрь 14, 2019 15:57

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанберо мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар ин бора аз Кумитаи забон ва истилоҳот ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади санҷиш иҷрои  банди 20-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» ва вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мебошад.

Инчунин Кумита бо иштироки кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузории семинари ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли равон дар бораи эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасанд, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд: «Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд. Дар урфият «номи зебо-ними ҳусн» гуфтаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили неруманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад. Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест».

Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, номгузорӣ ба тифли навзод яке аз анъанаҳои қадимтарини тамоми башарият буда, дар номҳо тамаддун, андешаву маниш ва пешаву ҳунари миллат инъикос ёфта, ҳамчун маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъият то ба имрӯз омада расидааст.

«Номҳои дигари ниёгонамон, ки бар онҳо муҳри таърихии чандҳазорсола гузошта шудааст ва ҳеҷ қавме наметавонад онҳоро аз худ гӯяд, ҳамон зебономҳои некмаъно ва хушоҳангу гӯшнавозеанд, ки бар пояи суннатҳои номгузории гузаштагон тавассути шоҳасарҳои бузурги миллиамон то ин замон омада расидаанд. Мисоли барҷастаи он номҳои дар «Шоҳнома» истифодашудаанд, ки шакли тағйирёфтаи номҳои бостонӣ мебошанд: Ҷамшед, Фаридун, Ковус, Афросиёб, Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Хусрав, Кайхусрав, Манучеҳр, Исфандиёр, Бежан, Рудоба, Таҳмина, Фарангис, Манижа, Судоба, Гурдия, Гурофарид ва ғ.

Қисме аз номҳо аз номи моҳҳо ва рӯзҳо, ки рамзи пирӯзиву некӣ, меҳру садоқат буда, дар пояи минуӣ қарор доштаанд, гузошта мешудаанд, ки намунаи онҳоро аз «Авасто» ва «Бундаҳишн» метавон дарёфт: Баҳман (маниши хуб, ниҳоди нек), Баҳром (пирӯз, музаффар, ғолиб) ва ғ. Гузоштани номи нек ибтидои орзуи нек дар ҳаққи фарзанд аст. Аз ин рӯ, номи зебою муносиб, хушоҳангу гуворо ва писандидаю наку гузоштан ба фарзанд аз суннатҳои қадимӣ ва вазифаҳои аввалини падару модар мебошад»,-гуфт Раиси Кумита.

Дар ҳақиқат анъанаи беҳтарин ва гуворотарини ном гузоштан ба фарзанд хоси миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик буда, он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Хоҷа Насириддини Тӯсӣ дар «Ахлоқи Носирӣ» фармудааст: «Чун фарзанд дар вуҷуд ояд, ибтидо ба тасмияи ӯ бояд кард ба номи наку, чӣ агар номи номувофиқе бар ӯ ниҳанд, муддати умр аз он нохушдил бошад».

Номҳои тоҷикӣ мардонагӣ, диловарӣ, тавоноӣ, доноӣ, ҳусн, зебоӣ, родмардӣ ва саховатмандӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонро ифода менамоянд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2019 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид