Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Федератсияи Россия ба довталабони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии соҳаи санъат бурсияҳо ҷудо мегарданд. Ин нукта 17 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Федератсияи Россия Игор Лякин-Фролов ва директори