Шикори ғайриқонунии гӯсфанди «Марко-Поло» ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мошини тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, ки таҳти идораи ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Бердибек қарор дошт, бо гумони шикори ғайриқонунӣ боздошт карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили бағоҷ 27 килову 15 грамм гӯшти гӯсфанди “Марко-Поло” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муайян карда шуд, ки гӯшти гирифташуда ба мусофири мошини мазкур, марди 36-солаи сокини деҳаи Мурғоб тааллуқ доштааст.
Зарари расонидашуда 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло шомили «Китоби сурхи Тоҷикистон» буда, шикораш бе иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Барои шикори ғайриқонунии ин навъи гӯсфанди кӯҳӣ тибқи қонуни амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.








Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд






