ТУЛӮИ ТОЗАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Ва ё озмуне, ки мактаби худшиносии миллӣ ва иди фарҳангу адаб хоҳад буд

Февраль 9, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хеле ҷолиб аст, ки ҳанӯз аз Паёми навини Пешвои миллатамон  муддате чандон нагузашта, мо шоҳиди дар амал ҷорӣ гардидани нуктаҳои нурбори ин Паёми фарогир ва чун ҳамеша тақдирсоз мегардем. Амрҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи  нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар идомаи Паёми Президентамон  як  барномаи нави фарогири маънавии халқи тоҷикро  дар соли равон фароҳам оварданд. Дар робита ба ин иқдомҳои созандаю рӯҳпарвар андешаҳои дорандаит Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛОро манзури хонандагон мегардонем.

Чунон ки интизор мерафт, низомномаҳои нави озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” бо фурӯғи тоза, такмилу дигаргуниҳои ҷолиб ва ҳадафнок тавассути Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли равон дастраси ҳамагон  гардиданд. Озмунҳое, ки як такони гарм,  ҷунбишу ҳаракати умумихалқӣ ба рӯзгори маънавии мо бахшиданд. Озмунҳое, ки ҳадафашон баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҳунаромӯзии халқи мо, хусусан наврасону ҷавонон буда, ба гузоштани нақши бориз ва бузурге дар бурузи маънавиёти миллатамон оғоз кардаанд.

Камол Насрулло

Дар мавриди озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”- ин озмуни фарогир, нақш ва ҳадафҳои он борҳо ибрози андеша кардаем. Ҳоло мехоҳем ба хонандагони арҷманд  дар мавриди тозагониҳои  озмуни номбурда ва ҳадафҳои муфиди он суҳбат ороем.

Аввалин нуқтаи ҷолиб ин аст, ки Сарпарасти ҳарду озмун-ҳам “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳам “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ин нукта нуфузи ин озмунҳоро хеле баланд бардошта, ба онҳо мақоми сиёсӣ ва аввалиндараҷа медиҳад. Дигар ин ки барои муташаккилона ва бо масъулияти баланд ташкил ва баргузор намудани озмунҳои мазкур, аз ҷумла Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то вазорату кумита ва муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимиятҳои давлатӣ ҳама сафарбар гардидаанд, ки ин иқдом кафолати дар сатҳи баланд барпо гардидани онро медиҳад.

Муҳимияти  дигараш  ин аст, ки барои амалӣ гардидани Амрҳои Президенти мамлакат маблағҳои хеле калон ҷудо гардидаанд. Ин амал низ далели он аст, ки дар мавриди қавӣ гардонидани пояҳои маънавии  ин миллати соҳибтамаддун дар ин сарзамини куҳанбунёд Пешвои миллат,  Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маблағҳоро дареғ нахоҳанд дошт.

Худ қазоват кунед: Барои интишор ва ба ҳар оила тақдим намудани китоби “Тоҷикон” –и Бобоҷон Ғафуров чӣ қадар маблағҳои ҳангуфт сарф хоҳанд шуд. Албатта, ҳанӯз дақиқан ҳисобу китоб нашудааст, аммо ин маблағ даҳҳо миллион сомониро ташкил хоҳад дод. Аммо дар ростои ин хароҷот нақш ва аҳамияти муҳиме, ки мутолиаи ин китоб аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат барои худшиносии миллӣ ва бедор сохтани эҳсос ва муҳаббати ватандӯстию ифтихори миллӣ  медиҳад, бебаҳо хоҳад буд.

Дар мавриди  он ки ҷиҳати  ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии  озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ду миллиону яксаду чил ҳазор сомонӣ ва барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои  фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     ҷудо гардидаанд,  гуфтанием, ки ин амалкард далели ғамхории бесобиқаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва худшиносии халқи мо мебошад.

Ҳоло мехоҳем дар бораи чанд навгонӣ ва тағйироте, ки бо низомномаи нав ба ин озмун ворид гардидаанд, ҳарф занем. Як навгонии ҷолиб дар бунёди озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номгӯи номинатсияҳо берун андохтани номинатсияи “Шоҳҷоиза” мебошад, ки иқдоми ин амал аз рӯи таҷрибаи озмуни аввала ҳосил гардида буд.

Яъне “Шоҳҷоиза” минбаъд номинатсияи алоҳида набуда, аз байни ғолибони панҷ номинатсияи пешбинишуда ба нафари ғолиб, ки боз ба  70 фоизи шартҳо ва талаботи ҳама номинатсияҳо ҷавоб дода тавонад, дода мешавад. Аммо илова ба номинатсияҳои  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона ва адабиёти ҷаҳон як номинатсияи нав: шоирӣ зам гардид.

Номинатсияи шоирӣ, ки  соли гузашта марбут ба озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” буд, ба андешаи банда хеле бамаврид ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” гузаронида шудааст, зеро воқеан озмуни аввала марбут ба ҳунарҳои сарояндагиву навозандагӣ ва эҷоди мусиқист, аммо озмуни дуюм марбут ба адабиёт аст ва номинатсияи шоирӣ ба он бештар алоқаманд мебошад. Яъне номинатсияи “шоирӣ” бо такмилҳо навгонии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки хеле ба ин озмун мувофиқ, бамаврид ва муфид хоҳад буд.

Ҷорӣ гардидани номинатсияи шоириро дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фоли нек мешуморам ва аминам, ки ин иқдом дар кашф ва пайдо кардани наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод аз байни мардум нақши бузург мебозад. Хуҷастагии ин иқдом ҳам дар ҳамин аст, ки барои ҷавонони дурмонда аз назар ва муҳитҳои адабӣ роҳ мекушояд ва натиҷаҳои самарабахш ба бор меорад.

Мояи қаноатмандист, ки дар озмуни навбатӣ теъдоди ҷоизаҳо аз ҳисоби афзун гардидани табақабандии иштирокчиён зиёд гардидааст. Ин аз он ҷиҳат хеле муҳим аст, ки дар озмуни аввала теъдоди  довталабоне, ки сазовори ҷоиза буданд, хеле зиёд буд, вале ҷоизаҳо барои ғолибон фақат сето: як ҷойи аввал, як ҷойи дуюм ва як ҷойи сеюм муқаррар шуда буд. Яъне, на ҳама довталабоне, ки сазовори ҷоиза буданд, ба гирифтани он шарафёб шуданд.

Дар озмуни нав ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд ва бад-ин васила шаш ҷоизаи дигар илова шудааст. Ин табақабандӣ чунин аст:

  1. Тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
  2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо).
  3. Калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

Агар пеш инҳо ҳама мансуб ба як гурӯҳ буданду дар якҷоягӣ иштирок доштанд, акнун гурӯҳҳои худро доранд ва ин иқдом теъдоди ҷоизаҳоро афзун сохт

Навгонии дигар ба ин озмун илова гардидани номинатсияи “шоирӣ” мебошад, ки низ дорои се ҷоиза: ҷойҳои якуму дуюму сеюм аст.

Ин ҷоизаҳо вобаста ба номинатсияҳо худ барои ҷойҳои аввал 30-25 ҳазор, барои ҷойҳои дуюм 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм 15 ҳазор сомонӣ муқаррар шудаанд.

Навигарии дигар ин аст, ки дар низомномаи нав маблағи шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ то 60 ҳазор ва маблағи Шоҳҷоизаи  озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” то 70 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудаанд.

Ҳамчунин бамаврид аст зикр кунем, ки теъдоди ҷоизаҳои озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” бештар, яъне дар ҳар номинатсия панҷтоӣ буда, дар номинатсияҳои композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ, барои ҷойи авввал 50 ҳазор, ҷойи дуюм 30 ҳазор, ҷойи сеюм 25 ҳазор, ҷойи чаҳорум  20 ҳазор ва ҷойи панҷум 15 ҳазор сомонӣ  муқаррар карда шудааст. Ба андешаи банда, баландтар ва афзунтар будани маблағи ҷоизаҳои озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” нисбат ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” бад-он сабаб аст, ки  озмуни аввалӣ ба ҳунарҳои касбӣ бахшида шуда, озмуни дуюмӣ бештар озмуни ҳавасмандист. Аммо муҳим ин аст, ки ҳарду озмун иқдомҳои фавқулода бунёдию эҳёгарона барои маънавиёти миллии мо мебошанд.

Бидуни шубҳа, ин рақамҳо, яъне ин маблағҳои пешбинишуда далели бебаҳси ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои  миллат аз аҳли фарҳанг, хусусан аз истеъдодҳои ҷавон ва роҳкушоӣ барои фатҳи қуллаҳои нав ба нави дониш, адабиёт, ҳунару санъати миллии моянд.

Дар Амри Пешвои миллат ва Низомномаи пешниҳодшуда бо имзои Сарвари давлатамон хат ба хат ва нукта ба нукта тамоми муқаррароти озмун равшану фасеҳ ба қалам омадаанд. Танҳо ном бурдани ҳадафҳои ин озмунҳо, аз ҷумла озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” кофист дарк шавад, ки чӣ мақсадҳои наҷибро ин озмунҳо пайгирӣ мекунанд. Бубинед: баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон ва дигар табақаҳои аҳолӣ.

Дар низомнома мақом ва вазифаҳои Комиссияи озмун, мақом, масъулият ва вазифаҳои аъзои ҳакамон, мақомоти маҳаллии ҳокимиятҳи давлатӣ ва муассисаҳои вобаста ба бунёди озмун мушаххасу равшан омадаанд, ки ба ҳар суоли пешомада  метавонанд посух гӯянд. Замон ва макони озмунҳо, масъулиятҳои масъулини вобаста ба озмунҳо ва шартҳои иштирок дар озмун мушаххасан муайян гардидаанд.

Дар мавриди мавзӯъҳое, ки озмунҳо пайгирӣ мекунанд, низ бояд гуфт, ки онҳо хеле ҷиддӣ ва ҳадафнок буда, бештар мавзӯъҳои Ватану ватандорӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлолияту озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар таҳкими  давлатдории миллӣ, мавзӯи об — ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накӯкорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу суботро фаро гирифтаанд.

Дар Низомнома ҳамчунин меъёри арзёбии ғолибони озмун муқаррар гардидааст. Дар ин меъёрҳо илова ба мавзӯъҳои муқарраршуда, қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот дар бораи қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар,  қобилияти озодбаёнӣ  ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи луғатҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар ба талабот ва шартҳои озмун ворид гардидаанд, ки ҳар яке раҳнамои омӯзиш ва ангезиши як ҳунаранд, ки довталабонро дар роҳи такмили ҳунару маҳорат раҳнамо хоҳанд буд.

Ба андешаи банда, ҷиҳати аз ҳама ҷолиб дар шартҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”   номгӯи ин шартҳо мебошад, аз ҷумла: аз ёд донистани на кам аз 100 ғазал ва 120 рубоӣ аз осори классикону муосирон, донистани на кам аз 100 байт, қасида ва на кам аз 150 байт порчаҳои достон ва сад байт аз дигар анвои шеърӣ аз адабиёти классикиву муосир, хондану ҳифз кардани 30 номгӯй роман, 40 номгӯй повест, 50 номгӯй ҳикояву новелла аз насри муосир, 70 номгӯй осори насрии адибони ҷаҳон ва ғайра.  Инҳо  худ далели то куҷо ҷиддӣ ва ҳадафҳои нек доштани ин озмунанд. Яъне иштирокчиёни фаъол ва ҷиддии ин озмун пас аз ширкат дар он, сарфи назар аз соҳиб гардидан ё нагардидан ба ҷоиза, як инсони дорои дониш ва ҷаҳонбинии фарохи адабиёти гузаштаву имрӯз ва ҷаҳон хоҳанд буд.

Метавон аз шарофатҳо ва арзишҳои зиёди дигари ин озмуни фарогир низ андешаҳо ронд.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2020 ташкил ва гузаронида мешавад. Мо аминем, ки ин озмунҳо бо ташаббусу иқдомҳои нави иловашуда ба мактаби худшиносии миллӣ, ба иди фарҳангу маърифати халқи соҳибтамаддуни мо табдил хоҳанд ёфт. Онҳо рӯзгори маънавии моро равшану нурбор хоҳанд сохт ва дар роҳи эҳёи Тоҷикистони навини куҳанбунёд саҳми бориз ва мондагори худро хоҳанд гузошт.

Февраль 9, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар муассисаҳои таълимии Файзобод ва Нуробод машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишу маърифат ба аҳли башар бузургӣ ва хушбахтӣ меоранд
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»