ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Неъмате, ки на танҳо мабдаи рушд, балки мӯҷиби ифтихори миллӣ мебошад

Март 22, 2020 13:44

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  22 март ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии захираҳои об таҷлил мегардад.  Таҷлили ин рӯз бори нахуст дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳифзи муҳити зист ва рушд, ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейро доир шуда буд, пешниҳод гардид. Ҳадафҳои асосии гузаронидани Рӯзи байналмилалии захираҳои об- ин мусоидат кардан ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати ҳалли таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, иттилоотонии ҷомеа оид ба муҳимияти ҳифзи захираҳои оби тоза ва ҷалби таваҷҷуҳи Ҳукумат, оҷонсиҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахшҳои хусусӣ  ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.

СММ: Об — яке аз воситаҳои асосии расидан ба «Рушди Ҳазорсола»

СММ соли 2002 дар яке аз маърўзаҳо оид ба вазъ ва дурнамои истифодаи об ва таъмини сайёра бо оби тоза эътироф кардааст, ки ҳадафҳои дигари “Рушди Ҳазорсола”, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳсилот ва саломатӣ бидуни дастрасии одилона ба об ва энергетика наметавонанд амалӣ шаванд.

Воқеан ҳам, дар замони ҳозира самаранок истифода бурдани об яке аз масъулиятҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди сайёра маҳсуб мешавад. Яъне, дар баробари зиёд шудани талабот ба оби тозаи ошомиданӣ, тадриҷан масъалаи истифодаи самаранок ва дастрасии баробар ба он низ таваҷҷуҳи махсус талаб мекунад. Кишварҳои зиёди сайёра дар баробари доштани сарватҳои зеризаминӣ, ба монанди нафту газ аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Талаботи зиёд ба оби ошомиданиро ба назар гирифта, коршиносон ба хулосае омадаанд, ки дар асри ХХI дар қисми бештари давлатҳо об ҳамчун “мол” мубодила карда мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи маърӯзаҳои СММ дар ин масъала, солҳои оянда теъдоди кишварҳои ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошта бештар шуда, «…дар миёнаи асри XXI аз норасоии об дар ҳолати бадтарин 7 млрд. ва дар ҳолати хуб 2 млрд. нафар дар 48 кишвари ҷаҳон танқисӣ хоҳанд кашид».

Об на танҳо манбаи рушд, балки объекти  ифтихори миллӣ низ мебошад

Коршиноси рус А. Л. Самсонов  ба нақши об дар таҳкими муносибати байни кишварҳо таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дар мақолаи худ «Обҳои ҷаҳонӣ», ки дар маҷаллаи илмии ”Экология и жизнь”, (“Экология ва ҳаёт”, 2006, № 5), нашр шудааст, навиштааст: «…ҳоло психологияи афкори умум дар об чун дар ойина инъикос ёфта, дар тақдири об тақдири кишварро мебинад, маҳз аз ин рў – об на танҳо манбаи рушд, балки объекти  ифтихори миллӣ мебошад».

Аз гуфтаҳои А.Л. Самсонов бармеояд, ки  кишварҳои ҷаҳонро мебояд, то ба масъалаи об на танҳо чун унсури табиӣ ва манбаи ҳаёт назар кунанд, балки ба  ин масъала ҳамчун воситаи муайянкунандаи ояндаи кишвари худ назар намоянд.

“Об ҳамчун “таҳкурсӣ”- и асосии ҳаёт умумияти камтар аз коди генетикиро надорад ва албатта, истифодаи чунин захира дар худ имкониятҳо ва хатари бузурги пӯшида дорад. Дар гирди об ҳамеша баҳсҳо  ҷӯш мезананд…Таҳдиди бехатарӣ  барои чунин объект ҳодисаи фавқулода аст, аммо ҳифз ва омӯзиши он кори муҳими стратегӣ мебошад”, — таъкид намудааст коршиноси соҳаи экология А. Л. Самсонов дар идомаи мақолаи худ.

Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об саҳмгузор аст

Маҳз муҳим будани таъминоти оби тозаи нӯшиданиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои зиёди об ба хулосае омад, ки дар баррасии мушкилоти мавҷудаи об саҳми назаррас гузорад.

Талошу кўшишҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ташаббусҳои Тоҷикистонро СММ дар самти истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои об, ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ намуд:

Соли байналмилалии оби тоза (2003)

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54 — уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, ки 1 октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадами нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об гардид. Муҳимияти эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тозаро Президенти мамлакат дар дастрасии нобаробар доштани ҷомеаи ҷаҳон ба оби тозаи нўшиданӣ арзёбӣ намуда, зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии оби тоза изҳор доштаанд, ки “..мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад…”.

Ташаббуси нахустини ҷаҳонии Тоҷикистонро дар масъалаи об ҳамчунин Дабири кулли вақти СММ Кофи Аннан низ қобили дастгирӣ дониста, чунин таъкид намудааст:

“Набудани дастрасӣ ба оби тоза барои истеъмол ва инчунин барои беҳдошт ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои беш аз 1 млрд. аҳолии ҷаҳон мушкилии бузург эҷод менамояд. Агар тамоюлҳои ҷорӣ идома ёбанд, ин боиси тундӣ ва рақобати шадид миёни кишварҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ мегардад. Соли байналмилалии оби тоза метавонад нақши муҳимро дар фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати қабули чораҳои зарурӣ на танҳо аз ҷониби ҳукуматҳо, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида гузорад” .

Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015

Ба сифати ташаббуси дуюми ҷаҳонӣ дар соҳаи об Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СММ солҳои 2005-2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон намуд, ки ин пешниҳод бори нахуст дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ доир ба захираҳои об дар Киото (Япония) 23 марти соли 2003 ироа гардид.

Мақсади асосии Даҳсолаи мазкур “пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об бо роҳи таҳияи стратегияи фаъолияти хоҷагии об аз сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ то минтақавӣ, ки он дастрасии адолатнокро ба миқдори зарурии об имконият медиҳад, мебошад”.  Тибқи маълумоти СММ то соли 2025 норасоии обро аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон эҳсос хоҳанд кард. Аз ин рў, пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” барои татбиқи нақшаҳои СММ ва дигар кишварҳои аъзо дар масъалаи дастрасӣ доштан ба об «саривақтию дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад».

Зимни як мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар”  намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта ба нақши Тоҷикистон дар амалӣ гардидани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла, масъалаи об баҳои баланд дода, чунин изҳори назар намуд:

“…Қабл аз ҳама нақши Тоҷикистон ҳамчун мамлакати роҳбарикунандаи об дар сатҳи байналмилалӣ дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ташаббуси дуввуми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат намуд.

Мо хуб медонем, ки об манбаи ҳаёт буда, бидуни он мавҷудияти одамон, ҳайвонот ва хоҷагии қишлоқ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, масъалаи об ниҳоят маъалаи муҳиме ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон роҳбарии онро ба уҳда гирифта,  барои қабули ду  қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ мусоидат намудааст”.

Соли 2015 ташаббуси дуюми глобалии Тоҷикистон марбут ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015 натиҷагирӣ гардид. Даҳсолаи мазкур имкон дод, ки мушкилоти вобаста ба об дар кишварҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳалли худро ёфта, дар ин давра дар мамлакати мо якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард.

Инчунин тибқи маълумоти расмӣ, “гарчанде соли 2005 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 1,2 млрд. аҳолии сайёра дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва зиёда аз 2,6 млрд. ба меъёрҳои одии беҳдоштӣ дастарасӣ надошта буданд, пас соли 2015, яъне дар натиҷаи амалӣ гардонидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ин нишондиҳанда мутаносибан ба 663 млн. ва 2,4 млрд. расонида шуд.

Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)

Маҳз зарурати тақвияти бештари ҳамкориро дар соҳаи об ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сеюми ҷаҳониро дар масъалаи об эълон намуда, соли 2013 – ро бо дастгирии СММ “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” унвон кард.

Ташаббуси мазкур бори нахуст дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об моҳи марти соли 2009 дар Истанбул аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, 20 декабри соли 2010 СММ соли 2013 — ро  “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон намуд.

Оид ба зарурати эълон намудани ташаббуси мазкур Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об маърӯза намуда, аз ҷумла афзудааст, ки “мавҷудияти шаклҳои мухталифи истифодаи об ва ихтилофи истифодаи мавсимии захираҳои об ва манбаъҳои энергетикӣ, инчунин тақсимоти номутавозини онҳо на танҳо дар иқтисодиёт, балки миёни табиат, ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ мухолифати манфиатҳоро ба миён меорад. Дар чунин шароит бояд дар истифодаи захираҳои об роҳҳои нави густариши муколамаву музокирот ва механизмҳои ҳамкориро дарёфт кард. Дар ин самт нақши калидии рушди дипломатияи об муҳим аст”.

Бо пешниҳод намудани ташаббуси сеюми ҷаҳонӣ дар масъалаи об Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро мутмаин сохт, ки агарчӣ об аз як ҷониб манбаи ҳаёт ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар он манбаи асосии некӯаҳволӣ ва амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Он муҳаррики ҳамкорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Пас зарур аст, ки барои тақвият додани муносибатҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамкориро дар масъалаи об пурзўр кунем.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

Дар баробари пешрафти назаррас дар татбиқи дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи Рушди Ҳазорсола тавассути Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015 хатарҳои наве, чун тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ба ин восита зиёд шудани талабот ба неруи барқ ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор намуд, ки бо анҷом ёфтани Даҳсолаи мазкур ба ҳамкорӣ дар масъалаи об хотима нагузошта, ташаббусҳои наверо дар ҳалли мушкилоти об ироа намояд.

Аз ин рў, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии худро вобаста ба масъалаи об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намояд. Ҳадафи асосии пешниҳоди ташаббуси мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва ғанӣ сохтани онҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо саъю талошҳои нав номид. Ташаббуси Даҳсолаи дуюми Тоҷикистон марбут ба обро намояндагони 193 кишвари ҷаҳон ҷонибдорӣ намуданд.

Антониу Гутерриш: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи  захираҳои об намуна аст

Нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар истифодаи мақсадноки захираҳои об Дабири феълии кулли СММ махсусан таъкид намуда, изҳор доштааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ биомӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад”.

Ҷонибдорӣ ёфтани чаҳор ташаббуси ҷаҳонии экологии Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсус ишғол мекунад. Хусусан эълон гардидани Даҳсолаи дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки «Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд».

Манижа БАҲРОМЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Март 22, 2020 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид