Санаи бозиҳои лигаи наврасони Тоҷикистон маълум гардид

Июнь 22, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 июни  соли равон, Лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозингарони то 18-сола шурӯъ мешавад. Дар мусобиқа нӯҳ даста иштирок мекунад. Дар арафаи оғози мусобиқаи қаҳрамонӣ байни дастаҳои наврасони то 18 сол дар идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ вохӯрии машваратӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсола дар лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозингарони то 18 сол нӯҳ даста ширкат меварзад. Инҳо  дастаҳои футболи «Ашт» (сармураббӣ Шараф Дадоматов), «Орзу- 26» (Рустам Қурбонов), «Рашван» (Ҷаваршо Шоҳғиёсов), МҶМОВ (Зафар Игамбердиев), «Регар-ТадАз»  (Фаррух Чориев), ММВЗО (Абдулҳамид Салимов), «Хатлон»  (Камол Ортиқов), «Хуҷанд»  (Ҷомихон Муҳиддинов) ва КМВА (Ҷамшед Тоҳирӣ) мебошанд. Шурӯъи мусобиқа рӯзи чоршанбеи 24 июн нақшагузорӣ шудааст.

Июнь 22, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд

Маводҳои таҳлилӣ