Дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар нимсолаи якуми соли равон 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд. 14 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ барошта, 3 каси дигар ҳалок гардид. Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Зикр шуд, ки рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот аз масъалаҳои ташвишовари Хадамот ба ҳисоб меравад. Хадамот бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар миёни кормандон ва корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикиро доир менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 170 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар мерасад, ба маблағи умумии 318 ҳазору 255 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Эмомимпортэкспорт», ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶДММ «Гидроэнергострой», ҶДММ «Ғайрат-82», ҶДММ «Шералиҷон», ҶДММ «Нерусоз», ҶСП «Зетеэм», ҶСП «Сохтмони асосӣ», ҶДММ «Асри -9» ва ҶДММ «Вахшсохтмон» аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботҳои қонунгузорӣ ошкор карда шуданд.
Дар ин давра муоинаи пурраи техникии 193 иншооти борбардор, аз ҷумла кранҳо, лифтҳо, эскалаторҳо дар корхонаву ташкилотҳо, меҳмонхона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Хадамот назорати техникии мақсадноки пешазмавсимӣ оид ба муайян намудани ҳолати техникӣ ва омода шудан ба истифодабарии атраксионҳо дар боғҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумда МД Боғи фарҳангу фароғатии «Нур», Боғи ҳайвонот, ҶДММ «Делфин» гузаронида шуд.
Дар фаъолияти аксарияти корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, набудани нақша, нарасидани мутахассисони соҳавӣ, риоя накардани талаботи дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагирифтани иншоот ошкор карда шуданд.








Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт
Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд
Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид






