Мутасаддиён барои фаъолияти намунавӣ дар нигоҳубини дарахтони аз хориҷа воридшуда ҳавасманд мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд шахсони мутасаддӣ барои фаъолияти намунавӣ дар нигоҳубини дарахтони аз хориҷи мамлакат воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, ҳавасманд карда мешаванд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибон шасту шаш ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, тибқи қарори дахлдори ҳайати Комиссия, тартиб ва меъёри муайян намудани беҳтарин шахсони мутасаддӣ, ки ба парвариш ва нигоҳубини дарахтони аз хориҷи мамлакат овардашуда дар ҳудуди пойтахт машғуланд, тасдиқ карда шуд.
«Рустами Эмомалӣ Комиссияи таъсисгардидаро муваззаф намуд, ки фаъолияти худро тибқи тартиби тасдиқгардида ба роҳ монда, ғолибонро аз рӯи «Нақшаи вобастакунӣ ва нигоҳубини дарахтони хориҷии дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 шинонидашуда», ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 21 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, муайян намояд»,-афзуд манбаъ.
Ҳавасмандгардонии мазкур аз рӯи се номинатсия сурат мегирад: «Беҳтарин мутасаддӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мутасаддӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин мутасаддӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе». Барои ғолибони ҷойи якум 10000 сомонӣ, барои мақоми 2-юм 7000 сомонӣ ва барои ишғолкунандагони ҷои сеюм 5000 сомонӣ дар ҳар се номинатсия муқаррар гардидааст.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини иҷрои банди 32 нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар «Қасри миллат» 28 апрели соли 2020 баён доштанд, роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардидаи ҳудуди шаҳри Душанбе шинонида шуданд.








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






