Деҳқонони Хатлон сокинони шаҳри Душанберо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамоянд

Сентябрь 12, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кишоварзони вилоят дастур дод, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро бо нархҳои дастрас дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар КВД «Бозори Саховат» ва «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт ташкил гардидаанд, пешниҳод намоянд. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз 4 сентябр деҳқонони вилояти Хатлон дар маконҳои зикршуда маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуда истодаанд, ки ин иқдом то 10 октябри соли равон идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Деҳқонони Хатлон дар ярмарка-фурӯшгоҳҳои  маҳсулоти кишоварзӣ дар  шаҳри Душанбе то имрӯз зиёда 150 тонна картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва тез, хушкмевагиҳо, зироати лӯбиёгиҳо, каду, гӯшт, тухм ва дигар сабзавотро  бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо супориши  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин ярмаркаҳои кишоварзӣ дар маҳаллаи Қарияи Боло, бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ва 11 нуқтаи дигари маҳсулотфурӯшии  пойтахт, ки зичии аҳолиашон  зиёд аст, ташкил гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки чанд рӯз қабл зимни сафари кории  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  шаҳри Турсунзода, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он касро ҳамроҳӣ намуданд, байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода  мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал  шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста  шуданд.

Сентябрь 12, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад