Ба шарофати осори Сино тибби Аврупо аз таъсири астрология, сеҳру ҷоду халосӣ ёфта, ба маҷрои воқеан илмӣ даромад,-бардошт аз симпозиуми байналмилалӣ

Октябрь 9, 2020 08:42

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхурраис Абӯали ибни Сино на танҳо олими зуфунун ё энсиклопедист, балки гуманист (инсондӯст) ҳам буд. Донишҳои чандсадсолаю дастовардҳои илми табиатшиносии ҷаҳониро тасвир ва ҷамъбаст намуда, низоми онро бунёд кард, ки он самти муайяни иҷтимоӣ-ақидатӣ дошт ва ӯ ин донишҳоро  ба хидмати инсоният гузошт. Ибни Сино бад-ин васила даврони навро дар инкишофи тамаддун омода мекард, ки тадриҷан диктатураи догмаҳои динӣ хароб шуда, дар пеши инсон ҷаҳон бо қонунмандиҳои он боз шуд. Ба шарофати осори ибни Сино тибби Аврупо аз таъсири ақидаҳои ғайриилмӣ (астрология, сеҳру ҷоду) халосӣ ёфта, дубора ба маҷрои воқеан илмӣ даромад.

Ин суханон аз ҷониби иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории симпозиум хабар дод, ки ҳамоиши илмиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, сипас аз ҷониби директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов М. Назар, узви вобастаи АМИТ А. Муҳаммад, синошиносони тоҷик Н. Содиқӣ, А. Комилӣ, С. Сулаймонов, С. Ҷонбобоев ва дигар олимон доир ба нақши ибни Сино дар рушди илм ва фалсафаи ҷаҳонӣ, мақоми ӯ дар фазои фарҳангии халқҳои форсу тоҷик маърӯзаҳо шунида шуд.

Зикр гардид, ки ибни Сино дар якҷоягӣ бо дигар мутафаккирони барҷастаи Шарқ дар ибтидои асри миёна мавҷи нави инкишофи тамаддунро ба миён овард. Ин мавҷ дар худ сарчашмаҳои бефанои маданияти Юнони Қадим, Рими Қадим, Ҳинду Эронро фаро гирифта, аз Шарқ ба Ғарб, то ҳудуди Испания алвонҷ зада рафт.

Дар асрҳои Х1-Х11 ин мавҷ ба ҷануби Франсия гузашта, бо бунёди донишгоҳҳо то андозае ба инкишофи озодфикрӣ дар Аврупо мусоидат намуд. Фаъолияти эҷодии Ибни Сино дар идомаи анъанаҳои ягонаи тамаддуни башарӣ ҳалқаи муҳими иртиботдиҳанда гардид.

Ходими пешбари илмии Маркази синошиносӣ, номзади илмҳои фалсафа И.Саидов зикр кард, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун файласуф, табиб ва олими энсиклопедист дар тамоми соҳаҳои илми замонааш, аз ҷумла дар соҳаи геология, минералогия, метереология ва география низ асар эҷод кардааст.

Ин асар «Ал-маодин ва осору-л-улвия» ном дорад. Порчаҳои асари мазкур бори аввал  интихобан дар бораи пайдоиши кӯҳҳо ва маъданҳо аз ҷониби Григорян С.Н. ва Сагадеев А.В. ба забони русӣ дар ҳаҷми 11 саҳифа тарҷума ва дар китоби «Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IХ-ХIVвв» дар Москва соли 1961 чоп шуда буд. Шакли пурра ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бори нахуст аз ҷониби И.Саидов тарҷума гардид ва дар ҷилдҳои 8-и Осори Абӯалӣ ибни Сино ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад.

Синошинос Шерзод Абдуллозода иброз намуд, ки солҳои охир ба омӯхтани осори боқимондаи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино олимон ва мутахассисони соҳаҳои  гуногун рағбати бештаре зоҳир мекунанд. Бо вуҷуди ин осори  илмӣ-адабии ин адиб ва олими забардасти халқи тоҷик то кунун ба таври бояду шояд пурра омӯхта нашудааст.

Яке аз машҳуртарин ва бузургтарин асари Ибни Сино китоби «аш-Шифо-и ӯ мебошад, ки сарфи назар аз баъзе тадқиқоти алоҳидаи муаллифони хориҷӣ  то ҳол омӯхта нашудааст. Ин китоб аз муҳимтарин ва машҳуртарин осори илмии Ибни Сино буда, доир ба илмҳои фалсафии асрҳои миёна ва ҷамъи ақсоми ҳикмати назариявӣ баҳс мекунад.

Кашфиёти Ибни Сино дар илми табиатшиносӣ, махсусан, дар илми физика дар он зоҳир мегардад, ки қонуни инертсияро пешгӯӣ карда буд. Ин қонунро баъдан Галилей ба низоми муайяни илмӣ даровардааст. Ё кашфиёти илмии дигари ӯ ҳангоми сохтани абзори нуҷумӣ- ин усули аниқ кардани дараҷаҳо (градусҳо) аст, ки баъдтар онро олими португалӣ Педро Нунис аз нав кашф кардааст.

Дар кори симпозиум масоили сатҳи таҳқиқоти мавҷуда, тарҷума ва нашри осори Абӯалӣ ибни Сино ҷамъбаст гардида, роҳу самтҳои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи синошиносӣ муайян карда хоҳанд шуд.

Дар ҳамоиш инчунин масъалаҳо оид ба зарурати омӯзиши нави осори энсиклопедии Абӯалӣ ибни Сино дар асоси маъхазҳои боэътимоди таърихӣ ва дастнависҳо бо истофодаи метологияи нав баррасӣ мешаванд. Аз масъалаҳои мубрами ин симпозиум рушди илм ва фарҳанг дар давраи Эҳёи фарҳангии мардумони Шарқ (асрҳои IX-XI), робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна, ҷойгоҳи ибни Сино дар иртибот ва ҳамкории Шарқ ва Ғарб, раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна, саҳми ибни Сино дар таърихи тиб, биология, фалсафа, табиатшиносӣ (геометрия, тригонометрия, астрономия, метеорология, минералогия), мантиқ, забоншиносӣ, адабиёт, масъалаи аҳамияти тафаккури мантиқӣ ва интиқодии ибни Сино барои тарбияи ҷаҳонбнии илмии ҷавонон ҳал мегарданд.

Дар маҷмӯъ зиёда аз 18 маърӯза дар мавзӯъҳои ҳуқуқ, педагогика, масъалаи маърифат, равоншиносӣ, терминологияи илмиву фалсафаи ибни Сино, масоили тиб, мақоми ибни Сино дар ҳаёти илмиву фарҳангии ИМА, мақоми инсон дар осори Шайхурраис ва ғ. пешниҳод карда мешаванд. Дар музокирот ва ҷамъбасти умумӣ роҳҳо ва услубҳои ташвиқ ва ҷалб намудани ҷомеа барои мутолиаи осори ибни Сино, усулҳои беҳтари омӯзиш ва истифодаи он барои рушди тафаккури таҳлилии ҷавонон, ҳувият ва гиромидошти фарҳанги миллӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Симпозиуми байналмилалии «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» ба 1040-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино бахшида мешавад.

Октябрь 9, 2020 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад