Хатлон ба хориҷи мамлакат беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст

Октябрь 13, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон аз вилояти Хатлон ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар мамлакатҳо беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ ва полезиҳо  содирот шудаанд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт, ки дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 115 дарсад иҷро гардид. Маҳсулоти содиргардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 246 тонна бештар аст.

Шарофиддин Асомиддинзода  зикр намуд, ки имсол дар вилоят ҳосили фаровони пиёз ва дигар анвои сабзавоту мевагиҳо ҷамъоварӣ гардид. Ба хориҷи мамлакат асосан 92 867 тонна пиёз, 3723 тонна мева ва лимӯ, 2744 тонна ангур, 60 тонна полезӣ, 60 тонна каду ва 1443 тонна дигар анвои маҳсулот содирот шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрои дурнамои содиротро шаҳри Бохтар 193 фоиз, ноҳияҳои Ҷайҳун 135 фоиз ва Дӯстӣ 114 фоиз таъмин намуданд.

Октябрь 13, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст
Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
‎Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст