Видеоконференсияи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид

Ноябрь 20, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 22-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконференсия баргузор гардид. Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода иштирок ва ҷаласаро ифтитоҳ намуд.

Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар 15 соли сипаригардида таҳлилу ҷамъбаст гардида, сипас роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолат ва раванди инкишофи вазъи маводи мухаддир дар кишварҳои худ сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки  новобаста аз вазъи эпидемиологии баамаломада марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардиданд. Зимнан, аъзои Шӯро зарурати нигоҳ доштани самти ташаккулёфтаи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД-ро таъкид намуданд.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2015-2020, муҳлат, макон ва марҳилаҳои фаъоли баргузории амалиёти зиддимухаддиротӣ дар соли 2021, гузаронидани машқҳои махсуси таълимии сохторҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД ва дигар масъалаҳои муҳим дар доираи ваколатҳои ин Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 20, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд