Дар Душанбе ба ифтихори 70 соли фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор мегардад

Январь 12, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 12.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2021 иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, доир намудани конфронсҳои илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «30 соли Истиқлол, дастовард ва дурнамо», таҳия ва нашри китобҳои ҷашнии «70 соли Академияи миллии илмҳо»,  «Рушди илми ватанӣ дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон», баргузории ҷаласаи тантанавӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таъсиси озмоишгоҳи нави илмӣ, корхонаҳои нави илмию истеҳсолӣ ва таъмиру тармими Расадхонаи «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд. Ин матлабро президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси Озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология дар назар дошта шудааст. Инчунин  дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис дода мешавад.

Академияи миллии илмҳо тасмим дорад, ки соли 2021 дар самти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои вирусология ва эпидемиология дар заминаи магистратура, доктор аз рӯи ихтисоси (PhD) ва тавассути бозомӯзӣ дар хориҷи мамлакат, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ аз рӯи ихтисосҳои экология ва генетика, инчунин аз роҳи бозомӯзӣ дар хориҷи мамлакат омода намудани мутахассисони ҷавонро дар самтҳои эҳтиёҷманди тандурустӣ- иммунолог, маммолог, генетик, вирусолог, эпидемиолог ва саратоншинос ба роҳ монда, пурзӯр намудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои илмии соҳаи тандурустиро бо асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ ва дигар вазифаи муҳим амалӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки соли равон 70-солагии он таҷлил карда мешавад.

Дар оғози таъсис ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарврӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, шуъбаи пахтапарварӣ, шуъбаи фалсафа ва шуъбаи иқтисодиёт.

Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон аз нахустин муассисаҳои хурди илмӣ то Академияи илмҳо роҳ тай гардид ва ин маркази бузурги илмиву тадқиқотӣ садҳо олимонро, ки дар тадқиқоти худ доираи васеи масъалаҳои илми муосирро фаро мегирифтанд, муттаҳид намуд.

Аввалин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ  (1878-1954), ки дар омӯзиши таърихи фарҳанг, забон ва адабиёти тоҷик саҳми бузург гузоштааст, интихоб гардида буд.

Январь 12, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Адибони тоҷик ба се ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуданд
«ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!». Таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд
ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд
Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон
НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид
Дар шаҳри Бохтар Наврӯз — ҷашни қадимии миллати тоҷикро хотирмон таҷлил намуданд