«Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар асоси беш аз шаст дастхати ашъори шоир нашр гардид
ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов матни илмӣ-интиқодии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар асоси беш аз шаст дастхати ашъори шоирм хушкалом ба чоп расид. «Девон»- Камоли Хуҷандӣ барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик пешниҳод гардид.
Дар тасҳеҳи китоби мазкур даҳҳо нусхаи қадимтарини «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ин шоири тавоно истифода нагардида буданд, мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин дар «Девон»-и мазкур нусхаҳое баэътибор гирифта шудааст, ки дар дусад солаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI аввалин маротиба нашр гардидаанд. Инчунин нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Германия, Амрико, Озарбойҷон, Россия, Шветсия, Ӯзбекистон истифода шудаанд.
Дар ҷилди аввал аз муқаддимаи мусаҳҳеҳ, қасоид ва ғазалиёт (аз «алиф» то поении ҳарфи «зо») иборат аст. Ҷилди дуюм фарогирии ғазалиёт (ҳарфи «син» то «ё»), муқаттаот, рубоиёт , мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.








Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






