Дар Душанбе Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» доир гардид

Февраль 23, 2021 08:48

ДУШАНБЕ, 23.02. 2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Суруди сарбоз» Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона доир гардид.

Дар ҷамъомад ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар доираи Фестивали дӯстии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии пойтахт таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам”, ки 17-22 феврали соли 2021 ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардида буд, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, гӯштини миллӣ, волейбол, футболи хурд, варзиши сабук байни сарбозону афсарон ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамаи иштирокчиёни Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Суруди сарбоз”, ки ҳайати онро сарбозону афсарон ва кормандони мақомоти қудратӣ ташкил медоданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


Дастовези таронаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ватан-модар, ваҳдату истиқлол, дастовардҳои кишвар дар низоми қудратӣ буд, дар иҷрои сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва аҳли фарҳанги пойтахт идомабахши Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур  доираи васеи сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мехмонон иштирок карданд.

Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарият, афсарону сарбозон ва кулли низомиёни сохторҳои қудратиро ба муносибати 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона шодбош гуфт.

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу созгори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба ин соҳаи муҳими кишвар таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад.

Гарчанде аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамагӣ 28 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо он роҳеро тай намудааст, ки ба садсолаҳо баробар аст. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст.

Артиши мо намунаи интизоми қатъӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ буда, бузургтарин вазифа — сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳо шароити хуби хизмат фароҳам оварда мешавад.

Февраль 23, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст