ИНЪИКОСИ ТАҲДИД ВА ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои номзади илмҳои фалсафа Нусратулло Зокирзода дар ин бора

Февраль 6, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 06.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони  имрӯзаро   таҳдид ва  хатарҳои  муосир  фаро  гирифтаанд. Дар  миқёси  олам инсоният бо мушкилоте рӯ ба рӯст, ки онҳоро  метавон ҳамчун  мушкилоти глобалӣ  ном  бурд. Мушкилоти глобалии инсоният- ин проблемаҳое мебошанд, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими тамоми сокинони сайёра дахл доранд, ба ҳаёти онҳо таҳдид мекунанд ва ҳалли фаврии худро бо кӯшишҳои халқҳои  тамоми кишварҳо талаб менамоняд. Дар ин бора мудири кафедраи фалсафаи  назди Раёсати Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади  илмҳои фалсафа Нусратулло ЗОКИРЗОДА андешаояшро ба АМИТ “Ховар” чунин баён дошт:  

 — Ин мушкилот фарогири  тамоми  ҷомеаи  ҷаҳонӣ буда, ҳамчун омили объективии рушди ҷомеа зоҳир мешаванд. Инчунин ин мушкилот  бо  раванди  фарогири  ҷаҳонишавӣ якҷоя  буда, онҳоро дар як кишвари алоҳида ҳал кардан мумкин нест ва ҳалли он ба тақдири минбаъдаи инсоният  вобаста аст.

Аз ҷумлаи мушкилоти  глобалие, ки  ба  инсоният  таҳдид  мекунанд, ифлосшавии муҳити зист, кам шудани захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти озуқаворӣ, фурӯши одамон,  маводи  мухаддир, мубориза  бар зидди бемориҳои фарогир, терроризми байналмилалӣ ва ғайра мебошанд.

Яке аз  таҳдидҳои  ҷаҳони  муосир  терроризми  байналмилалӣ  мебошад. Аз  он  ҷиҳат  байналмилалӣ аст, ки  аз  доираи  кишварҳои  алоҳида  баромада, характери  глобалӣ ва  фаромиллӣ  гирифтааст. Амалҳои террористӣ, ки  дар  дилхоҳ кишварҳо амалӣ мегарданд, ҳамеша табиати оммавӣ дошта, ҳадафи онҳо таъсир расонидан ба аҳли ҷомеа дар маҷмӯъ ё танҳо бо мақомоти давлатии кишварҳо мебошад.

Маҳз ташкилоти байналмилалии террористӣ барои ҷомеаҳои муосир хатари бештар доранд, зеро онҳо манбаъҳои мустақили маблағгузорӣ дошта, аз технологияҳои муосири  компютерию маҳворавӣ истифода мебаранд ва таъсири  манфии худро  мерасонанд. Имрӯз мубориза бо зуҳуроти терроризм дар доираи як ё якчанд кишвар номумкин буда, барои ин  сафарбар намудани  кишварҳои минтақа  ва  ҷаҳон  зарур аст.

Сабабҳои  асосии  сар задани  терроризмро коршиносон  аз  омилҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ, динӣ ва  маънавӣ  медонанд. Сабабҳои сиёсии пайдоиши терроризм ноустувории сиёсӣ ва инчунин набудани чораҳои таъмини амнияти аҳолӣ мебошанд.  Инчунин омилҳои  иҷтимоӣ  низ  метавонанд сабаби  рушди  терроризм  гарданд, ба монанди сатҳи пасти зиндагӣ ва  ғайра. Ин  метавонад ба  хотири  ба даст овардани маблағ нафарони зиёдро ба  созмонҳои террористӣ ҷалб намояд.

Дар  раванди фаъолияти террористӣ арзишҳои  динӣ низ  барои  ҷалб  намудани  ҷавонони  ноогоҳ ва амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ истифода мешаванд.

Муҳаққиқон якчанд намуди терроризми муосирро ҷудо  менамоянд, ки иборат  аст аз:

— сиёсӣ, ки ҳадафаш мустақиман  таъсир расондан ба пешвоёни сиёсӣ, ҳукуматдорони давлатҳои алоҳида, бо  мақсади  аз  байн  бурдани  онҳо;

— иттилоотӣ,  ба  воситаи  садову  симо  ва  шабакаҳои  интернетӣ мустақимона  таъсир  расондан ба  шуури  аҳли  ҷомеа,  бо мақсади фароҳам овардани фазои тарсу ҳарос, ташаккули афкори муайяни ҷамъиятӣ, нодида  гирифтани  дастовардҳои  сохти  мавҷуда  ва тафриқа  эҷод  намудан  дар  байни қишрҳои гуногуни ҷомеа. Ҳамзамон  метавон намудҳои  дигари  ин падидаи  номатлубро номбар  намуд.

Дар  Паёми  имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   таҳдид  ва  хатарҳои  ҷаҳони  муосир  ба  таври  дақиқ инъикоси худро  ёфтаанд. Ҳамзамон  бояд  зикр  намуд, ки дар  таърихи  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмҳои Сарвари давлат ҷанбаҳои сафарбаркунандагӣ, раҳнамоикунандагӣ, барномавӣ  ва ҳамгироикунандагӣ  доштанд. Дар онҳо нуқтаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки ба ҳаёти ҳар фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, барои зери як ҳадаф муттаҳид гардидан ва баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан мусоидат намояд.

Таҳдидҳое, ки  ҷомеаи муосирро  фаро  гирифта, характери глобалӣ гирифтаанд, ба давлатҳои миллӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  мебошанд, таъсири манфӣ мерасонанд. Як  ихтилофи хурде, ки  дар  як  кишвари  алоҳидаи дунё  ба  вуҷуд  меояд, аз  ҷиҳати  тобеъ  будан  ва ба ҳам  пайваст  будани халқҳову  кишварҳо  хусуссияти ҷаҳонӣ касб  менамояд.

Барои  мисол, бемории  фарогири COVID-19 характери  глобалӣ  касб  намуда, ба  тамоми  олам  паҳн  гардид ва ба тамоми соҳаҳои  ҷомеа таъсири  манфии худро  расонд. Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарҷ гардида  буд, ки гуфта  мешавад: «Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад”.

Вобаста   ба  вазъи ҷаҳони муосир  ва  таҳдиду  хатарҳои он  дар  Паёми имсола чунин зикр гардид: Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Тоҷикистон дар таърихи  начандон дури худ бо  равандҳои  номатлуби  ҷаҳони  муосир  рӯ ба рӯ гардида буд. Мо шоҳид  будем, ки раванди ба даст овардани истиқлол дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд. Хушбахтона, фарҳанги ҳамдигарфаҳмии миллӣ  ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар бо умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд.

Сарвари давлат  аз вазъи  ҳассосе, ки душманони  сохти  конститутсионӣ  мехоҳанд  боз  ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ  созанд, ҳушдор  дода, зикр  менамоянд, ки мо  бояд  ҳушёрии сиёсиро  аз  даст  надиҳем: “Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90–ум доштанд, даст накашидаанд”.

Миллати  бошарафи  тоҷик баҳрии ободии Ватан  кӯшиш  дораду ба  истиқболи  30-юмин солгарди   Истиқлоли  давлатӣ  талош  меварзад. Вале,  мутаассифона,  чеҳраҳое  ҳастанд, ки  ин  дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолиро  дидан  намехоҳанд ва  аз  дур  санг  мепартоянд. Агар ҳар  фарди  солимфикр андешаи   амнияти  кишварро дошта бошаду  ободу зебо нигоҳ  доштани  Ватан, тарбияи  насли наврас дар  рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳиро  вазифаи  аввалиндараҷаи худ донад, ягон бешарафу ватанфурӯш ба мақсад намерасад.

Февраль 6, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд