Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамраисони ҳайатҳои комиссия — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко иштирок намуданд.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафари ҳайати Беларус дар давлати мо аз 5 то 8 апрел идома меёбад.
Дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушди иқтисод, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои муҳими байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳарду ҷониб ҳавасмандӣ изҳор гардид.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус сафари корӣ намуданд, ки зимни ин сафар Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодаи захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд, ки ин албатта, барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеӣ фароҳам месозад.








Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд






