Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Истаравшан туҳфаҳо тақдим карданд

Апрель 8, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Истаравшан як адад Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 88 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафарашон бошандагони ҳамин Мактаб-интернат мебошанд.

Ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки Мактаб-интернат пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст.

Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад.

Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд, ки ин боиси дастгирист, зикр карданд Роҳбари давлат.

Вобаста ба ин, аз кӯдакону наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода намуда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.

Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.

Тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони шаҳри Истаравшан 08.04.2021

Апрель 8, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд