Венгрия хостори тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон гардидааст

Апрель 8, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки содиротию воридотии Венгрия омода аст барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ бо имтиёзҳо ҷиҳати  маблағгузории таъсиси корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва амалиёти савдои хориҷӣ квота ҷудо намояд. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Венгрия Петер Сиййарто зимни мулоқот бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  Завқӣ Завқизода зикр намуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот  масъалаҳои  марбут ба рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Венгрия, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доруворӣ матраҳ гардида, мусоҳибон оид ба имконияти рушди дурнамои ҳамкорӣ табодули назар намуданд.

Инчунин ҷонибҳо аз таъсиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия истиқбол намуда, нақшаи худро барои ҳарчи зудтар ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи нахустини он пешниҳод намуданд.

Завқӣ  Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Венгрия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши муносибатҳо ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.

 

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Апрель 8, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид