Профессор Раҷабмад Амиров дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт

Май 26, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз профессор, омӯзгор, номзади илмҳои педагогика, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот, собиқ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров аз олам даргузашт.

Раҷабмад Амиров  28 апрели соли 1954 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм намуда, соли 1977 хидмати ҳарбиро дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Германия адо намудааст.

Мавсуф дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст, аз ҷумла муаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ, аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. Крупская, муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ, декани факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода, муовини аввали Вазири фарҳанг, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов. Аз соли 2014 ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ буд.

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад.

Раҷабмад Амиров дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг», «Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон» ва «Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намудааст.

Ҳамзамон вай муаллифи якчанд лоиҳаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили фестивалҳои байналмилалии «Садои дилҳо», «Фалак», Фестивали байналмилалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои арғунун (соли 2017)» мебошад, ки дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ доир гардиданд.

Мавсуф намояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои пойтахт, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Туркия, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ буд.

Раҷабмад Амиров тибқи Фаромони Президенти ҶТ бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи II, инчунин  медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ассотсиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он»-и Япония, «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ»   қадрдонӣ шудааст.

                                                        АКС аз Википедия

 

Май 26, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд