Дар Мурғоб даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор гардид

Июнь 22, 2021 16:28

ХОРУҒ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мурғоб даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ду миллат- тоҷику қирғиз расму оин, урфу одат, маросимҳои хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҷолиб пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати иштирочиёни фестивал-озмун баҳои арзанда доданд ва ба беҳтаринҳо барои ширкат дар озмуни вилоятӣ роҳхат дода шуд.

 Раиси ҳайати ҳакамон дар ноҳияи Мурғоб Мулкамон Мамадамонов иброз дошт, ки «ин озмун ба ифтихори  30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мавзӯи меҳварии он ҳам инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дустӣ байни халқҳои ин сарзамини бостонӣ аст».

«Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин фестивал аз фестивалҳои ноҳияҳои дигари вилоят ин буд, ки сарояндагону навозандагон таронаву оҳангҳои тоҷикиву қирғизиро муштарак иҷро мекарданд ва ҳунармандони тоҷик таронаҳои қирғизию ҳунармандони қирғиз баръакс таронаҳои тоҷикиро сароида, «Андалеб»-ро воқеан ба як фестивали дӯстию ҳамабастагӣ ва эҳёи анъанаҳои неки инсонӣ табдил доданд»- афзуд Мулкамон Мамадамонов.

Яке аз дигар шартҳои ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки ҳунармадони мардумӣ маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.Бештари маҳсулоти дастӣ аз маводҳои дастраси маҳалӣ, аз ҷумла устухону пӯсти бузу гӯсфанд ва қутос истеҳсол шудаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ поку барои инсон бехатар мебошанд.

 АКСҲО: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

Июнь 22, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд