КӮҲНАВАРД ВИТАЛИЙ ХИНЕНЗОН нахустин тоҷикистоние гардид, ки нуқтаи баландтарини сайёра — Эверестро фатҳ кард!

Июнь 3, 2021 16:25

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кӯҳнавард Виталий Хинензон нахустин тоҷикистоние гардид, ки 1 июни соли равон баландтарин нуқтаи сайёра — Ҷомолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Дар ин бора варзишгар дар сафиҳаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

«Мо ин корро анҷом додем! Ман парчами Тоҷикистонро дар Эверест бардоштам! Он бори аввал дар қуллаи баландтарини ҷаҳон аст!», — навиштааст кӯҳнавард дар саҳифаи худ.

Виталий барои фатҳи баландтарин қуллаи ҷаҳон (8848 метр) дар ҳайати дастаи байналмилалӣ ба экспедитсия, ки 11 апрел аз шаҳри Катмандуи Непал оғоз ёфта буд, рафт. Ин даста тасмим гирифта буд, ки Эверестро ҳанӯз соли 2020 фатҳ кунад, аммо бинобар пандемияи коронавируси COVID-19  ба таъхир анохтани он пеш омад.

Ба гуфтаи варзишгар, ин нахустин экспедитсияи кӯҳнавардони як қатор кишварҳо — Тоҷикистон, Молдова, Қирғизистон, Беларус ва Исроил ба Эверест буд.

Виталий Хинензон аллакай бомуваффақият фаромадааст, 3 июн ӯ аллакай дар Катманду — пойтахти Непал буд ва интизори интихоби парвоз ба хона аст.

Қулла дар Ҳимолой ҷойгир аст. Эверест баландтарин қуллаи Замин аст, ки таваҷҷуҳи зиёди кӯҳнавардонро ба худ ҷалб мекунад. Кушишҳои ба қулла баромадан дорои хусусияти мунтазам мебошанд. Баромадан ба қулла бо дарназардошти аклиматизатсия ва насби урдугоҳҳо тақрибан 2 моҳро дар бар мегирад.

Ҳамтои ӯ Нодир Турсунзода чунин менависад: «Ҳама кӯҳнавардоне, ки мехоҳанд нуқтаи баландтарини ҷаҳонро фатҳ кунанд, аз омӯзиши ҷиддӣ мегузаранд. Шароит дар кӯҳҳо ҷолиб нест ва кӯҳнавардон машқҳои махсус мекунанд, витаминҳо менӯшанд, то солимии равонӣ ва ҷисмониро нигоҳ доранд, зеро дар кӯҳҳо чунин аст: субҳ бисёр гарм мешавад ва зарурати кашидани либоси болоӣ пеш меояд ва бегоҳ хунуки имконнопазир аст.

Инчунин кӯҳнавардон ба кӯҳ баромада, дубора ба урдугоҳи асосӣ мефароянд. Ин барои он лозим аст, ки организм ба ҳавои камшумор одат кунад ва поён фаромадан барои ба шуш ворид кардани оксиген ва истироҳат лозим аст.

Ин аст, ки ҳамватани мо аксари тартиботро барои дар ҳолати муқаррарӣ нигоҳ доштан мегузарад.

Ва вақте ки вақти холӣ меёбад, аксҳои манзараҳои зебои қуллаҳои Ҳимолойро ба мо мефиристад».

 

Июнь 3, 2021 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд