Имрӯз — Рӯзи маъюбон. Дар Сангвор ба 58 оилаҳои маъюб кумаки яквақтаина расонида шуд
САНГВОР, 08.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони маъюб ба 58 оилаҳои маъюб кумаки яквақтаина, аз қабили маводи хӯрока расониданд. Ҳамчунин дар маркази хизматрасонии иҷтимоии ноҳия барои 73 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии идона ташкил карда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Муовини раиси ноҳияи Сангвор Умеда Сатторбекзода иброз дошт, ки шахсони маъюб дар ноҳияи Сангвор зери таваҷҷуҳи ҳамешагии мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд ва пайваста аз ҳоли онҳо бохабар гардида, ба онҳо кумакҳои моддию тиббӣ расонида мешавад. Чунки Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин табақаи осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз, 8 июл дар қаламрави мамлакат Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчи беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои мушахас амалӣ карда мешаванд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор











Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад






