Бо татбиқи Лоиҳаи беҳсозии низоми обтаъминкунӣ беш аз 30 ҳазор сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд

Август 8, 2021 10:03

ХОРУҒ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ амалисозии марҳилаи дуюми  «Лоиҳаи  беҳсозии низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон-марҳилаи 2– шаҳри Хоруғ»-ро оғоз намуд. Ин лоиҳа барои дар чаҳор фасли сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани зиёда аз 30 ҳазор сокинони шаҳр нигаронида шудааст.

Тавре сардори Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ Зарифхон Зарифхонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, “дар марҳилаи аввал хати обгузари Боғевдара-Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд ва ҳоло 9 ҳазор метри мукааб об ба ҳавзҳои обтаъминкунии шаҳр ворид мегардад.  Илова бар ин ба ин ҳавз беш аз 300 мукааб об аз мавзеи Сиёб ва 100 метри мукааби дигар аз дараи Хуфак ворид мегардад. Сокинони шаҳр дар як шабонарӯз ба 9 ҳазору 400 метри мукааб об ниёз доранд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обгузар ва сарфаҷӯёна истифода накардани оби пок ҳанӯз ҳам ба баъзе аз маҳалҳои шаҳр об мутобиқи реҷа интиқол дода мешавад”.

Ба гуфтаи муҳандиси корхонаи мазкур Азизшо Озодамиров, “дар доираи ҳамин лоиҳа қубурҳои асосии оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар  хиёбони марказии шаҳр  марҳила ба марҳила иваз карда мешаванд. Лоихаи мазкурро  Бонки  Аврупоии  таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мекунад ва тадбиқи пурраи он соли  2022 пешбинӣ шудааст”.

Ҳамоҳангсози ин лоиҳа Наҷиб Яминов изҳор дошт, ки барои дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла ду мошини махсус ва се дастгоҳи барқӣ, як таҷҳизоти махсус барои муайян намудани садамаҳо дар иншооти обтаъминкунӣ 184 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Ҳамчунин барои таъмиру таҷдиди бинои маъмурӣ  85 ҳазор доллар аз ҳисоби ин лоиҳа ҷудо гардида, бинои мазкур пурра таъмир ва навсозӣ карда шуд. Мутахассисони лоиҳа иброз доштанд, ки барои барқарорсозии 5 ҳавзи обпарто  762 ҳазор доллар, таҷдиди ду пойгоҳи обкаш 198 ҳазор доллар,  харидории таҷҳизоти техникӣ ва мебел 78 ҳазор доллар ҷудо гардид.

Масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бар ин назаранд, ки пас аз амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур сокинони шаҳр аз мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар чаҳор фасли сол комилан раҳоӣ меёбанд. Чанд даҳсола пеш сокинони шаҳр дар фасли сармо мутобиқи реҷа бо неруи барқ таъмин мешуданд, аммо аз соли 2010 ба ин сӯ онҳо чӣ будани реҷаи тақсими барқро фаромӯш намудаанд. Он рӯз дур нест, ки барои сокинони шаҳри Хоруғ реҷаи тақсими оби ошомиданӣ низ фаромӯш шавад.


АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Август 8, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад