Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло: «Ҳаҷми даромади пулии аҳолии Тоҷикистон тӯли бист сол зиёда аз сӣ маротиба афзоиш ёфт»

Август 26, 2021 12:08

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то инҷониб  ҳаҷми даромади пулии аҳолии Тоҷикистон  зиёда аз 30 маротиба афзоиш ёфт ва омили  аз 81 фоизи соли 1999 то 27,5 фоизи соли 2020 коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ гардид. Ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки  он соли 1991  131,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод, ҳоло ин нишондиҳанда 35 маротиба афзоиш ёфтааст.

Чунин нигоштааст раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло зимни таҳлили дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар як матлаб, ки ба унвони  АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Мавсуф дар идомаи матлаб  чунин изҳори назар кардааст:

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи  мамлакат Тоҷикис­тон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг гомҳои устувор гузошт. Ин марҳиларо метавон шартан ба давраҳои зерин ҷудо намуд:

— давраи аввал — солҳои 1991-1995, барҳам додани низоми шӯравӣ ва бартарафсозии оқибати задухӯрдҳои шаҳрвандӣ;

— давраи дуюм — солҳои 1996 — 2000, баровардани иқтисодиёти миллӣ аз ҳолати буҳронӣ, дигаргуниҳои сохторӣ ва институтсионалӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;

— давраи сеюм — солҳои 2001-2010, болоравии рушди иқтисодиёти миллӣ;

— давраи чорум — солҳои 2011-2020, таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ.

Давраи якум ва нимаи аввали давраи дуюм бо пастравии ҳаҷми истеҳсолот ва сатҳи зиндагии аҳолӣ алоқаманд буда, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зарари калон ба иқтисодиёти миллӣ дар ҳаҷми зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА расонида шуд. Солҳои 1991 — 1996 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 67,4 фоиз поён фаромада, истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 52,8 фоиз ва истеҳсолоти саноатӣ 65,8 фоиз паст гардид.

Бо дарназардошти андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз соли 1997 иқтисодиёти кишвар рӯ ба инкишоф ниҳод ва афзоиши воқеии ММД 1,7 фоизро ташкил намуд. Дар ин замина, нисбат ба соли 1991 ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 70 маротиба зиёд гардид.

Соли 2020 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4558 млн. доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба солҳои 2016-ум 16,0 фоиз, 2017-14,7, 2018-7,9 ва соли 2019-ум 0,8 фоиз ё 34 млн. доллар зиёд шуд.

Соли 2020 содироти мол 1407 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои 2016-ум 56,5 фоиз, 2017-14,4, 2018-31,1 ва нисбат ба соли 2019-ум 19,8 фоиз ё 232,5 млн. доллар зиёд шудааст.

Зиёдшавии содирот тайи соли 2020 асосан аз ҳисоби содироти сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (3,1 баробар ё 464,0 млн. доллар), маҳсулоти тайёри озуқа (72,7 фоиз ё 3,7 млн. доллар), пӯсти хом ва чарм (8,7 фоиз ё 0,2 млн. доллар) ба миён омад.

Зимнан, дар ин давра содироти воситаҳои нақлиёт (62,4 фоиз ё 10,0 млн. доллар), маҳсулоти маъданӣ (40,0 фоиз ё 183,7 млн. доллар), маҳсулоти саноати кимиё (27,0 фоиз ё 2,2 млн. доллар), мошинолот ва таҷҳизот (23,4 фоиз ё 1,6 млн. доллар), фулузоти арзон ва маснуоти он (14,2 фоиз ё 30,8 млн. доллар), маҳсулоти нассоҷӣ (2,1 фоиз ё 4,2 млн. доллар) ва ғайраҳо кам шуд.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 3150,9 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба солҳои 2018-ум 4,0 фоиз, 2017-ум 13,5 фоиз зиёд шуда, соли 2017-ум дар сатҳи ҳамин давра қарор дошта, нисбат ба соли 2019-ум 5,9 фоиз ё 198,4 млн. доллар кам мебошад.

Коҳиши воридот соли 2020 асосан аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт (30,4 фоиз ё 98,9 млн. доллар), ҳар гуна маҳсулоти саноатӣ (21,2 фоиз ё 11,3 млн. доллар), мошинолот ва таҷҳизот (20,0 фоиз ё 84,9 млн. доллар), чорвои зинда ва маҳсулоти чорводорӣ (15,5 фоиз ё 10,4 млн. доллар), маснуот аз санг, гулгач ва семент (13,9 фоиз ё 9,9 млн. доллар), маҳсулоти маъданӣ (12,3 фоиз ё 77,0 млн. доллар), ашёҳои полимерӣ, резина ва маснуоти онҳо (8,4 фоиз ё 10,7 млн. доллар), коғазу картон ва маснуоти онҳо (8,2 фоиз ё 3,6 млн. доллар), чӯбу тахта ва маснуоти онҳо (5,2 фоиз ё 6,7 млн. доллар) ва ғайра мушоҳида мешавад.

Инчунин воридоти асбобу анҷоми оптикӣ, тиббӣ, ченкунӣ ва ғайра (2,8 баробар ё 43,6 млн. доллар), гази табиӣ (1,6 баробар ё 10,8 млн. доллар), маҳсулоти рустанӣ (15,0 фоиз ё 45,8 млн. доллар), чарбу, равғани чорво ва рустанӣ (7,6 фоиз ё 8,1 млн. доллар), маҳсулоти тайёри озуқа (6,4 фоиз ё 17,8 млн. доллар), фулузоти арзон ва маснуоти он (4,7 фоиз ё 15,2 млн.доллар), маснуоти нассоҷӣ (2,6 фоиз ё 2,1 млн. доллар), маҳсулоти саноати кимиё (1,2 фоиз ё 4,1млн. доллар) ва ғайра соли 2020 зиёд шудааст.

Дар зарфи қариб бист соли охир ММД ба ҳар нафар аҳолӣ аз 288,7 сомонии соли 2000 то ба 8388, 3 сомонӣ дар соли 2019 расидааст, ки мутаносибан 29 маротиба зиёд аст. Илова бар ин, суръати афзоиши ММД дар сатҳи мусбат нигоҳ дошта шуда, ин нишондиҳанда бо нархҳои ҷорӣ, агар соли 2009-ум 20,6 млрд. сомониро ташкил дода бошад, соли 2019-ум ба 77,4 млрд. сомонӣ баробар шуд. Чанд баробар зиёд шудани нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ далели сиёсати бобарор ва самараноки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз натиҷабахшии тадбирҳо ва ислоҳот шаҳодат медиҳад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи арзёбии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 аз рӯи суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар байни 193 давлати ҷаҳон мақоми 11 ва дар байни давлатҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро ишғол менамояд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии фаврии (нишондихандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои январ — декабри соли 2020 аз рӯи баҳои фаврии пешакӣ ба маблағи 82543,0 млн. сомонӣ ҷамъбаст шуда, суръати рушд 104,5 фоизро ташкил дод. Шохис (индекс)-и дефлятор ба 102,7 фоиз расид.

Таъмини рушди ММД-и фаврӣ асосан аз ҳисоби суръати рушди соҳаи кишоварзӣ 1,7 банди фоиз, сохтмон — 1,7 ва саноати коркард 1,2 банди фоиз ба миён омадааст.

Дар ин давра коҳиши суръати рушди соҳаҳои саноати истихроҷ — 16,9 банди фоиз, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 4,4, таъмини об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа — 16,4, гардиши мусофирон — 12,3, гардиши бор — 14,4, соҳаи савдо — 15,8, хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо — 30,3 ва хизматрасонии пулакӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 5,5 банди фоиз ба қайд гирифта шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2019 аз рӯи маълумоти ниҳоӣ 79109,8 млн. сомонӣ ва суръати рушд 107,4 фоизро ташкил дод. Суръати рушди ММД соли 2019 нисбат ба ММД соли 2016-ум 23,9 фоиз зиёд шуд. Дар сохтори ММД соҳаи кишоварзӣ 20,9 фоиз (соли 2016 — 20,8 фоиз), соҳаи саноат 21,2 фоиз (соли 2016 — 16,9 фоиз), сохтмон 11,7 фоиз (соли 2016 — 15,3 фоиз), савдо 13,6 фоиз( 11,1 фоиз), нақлиёт 7,9 фоиз (соли 2016 – ум 8,9 фоиз)-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ соли 2019 – ум 23469,4 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба буҷети давлатии соли 2016-ум 1,3 баробар зиёд аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 январи соли 2021-ум 2274 субъекти истеҳсолӣ ба тариқи электронӣ ба мақомоти омор ҳисобот пешниҳод намудаанд, ки ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба соли 2019-ум соли гузашта 5,1 фоиз ё 110 адад ва нисбат ба соли 2016- ум 11,3 фоиз ё 231 адад зиёд мебошад.

Иқтисодиёти кишвар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ — 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла, содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид.

Қобили зикр аст, ки дороии низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.

Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2020-ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилоти қарзӣ мебошад.

Соли сипаришуда аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.

Ҳоло барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Танҳо соли 2020 — ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасонии тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.

Яке аз хусусиятҳои хоси рушди иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ тавассути эълони ҳадафҳои миллӣ инкишоф ёфтани он мебошад. Қобили зикр аст, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015» ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муайян шуда буданд, ки татбиқи онҳо иқтисодиёти миллиро ба сатҳи сифатан нав баровард. Ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷараён дорад, ки дар он гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ҳадафи асосӣ ва шакли фаъолияти иқтисоди миллӣ дар дурнамо интихоб шудааст. Чорабиниҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016-2020» шомил шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ иҷро гардиданд.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» се принсипи асосии рушди оянда: превентивӣ (пешгирии осебпазирии рушди оянда), индустриаликунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву дороиҳои миллӣ) ва инноватсионӣ (таъмини рушди соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар дар асоси навовариҳо)-ро дар бар мегирад.

Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар ва аҳамияти муҳими соҳаи энергетика, дар иқтисодиёти миллӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба сифати ҳадафи муҳими стратегӣ интихоб шуд. Вобаста ба ин, солҳои охир тавассути ҷалби сармоягузориҳо ва маблағгузории буҷетӣ неругоҳҳои хурду бузург бунёд карда шуда, инфрасохтори соҳа таҷдид ёфт. Дар баробари ин, ҷиҳати содироти қувваи барқ татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 бо маблағи умумии қариб 11 миллиард (ҷониби кишвари мо — 3,4 млрд. сомонӣ) сомонӣ идома дошта, ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми НБО «Роғун» расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор ба ҳисоб меравад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

Ҳамчунин дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт/соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт/соати соли 2019 афзоиш дода шуд.

Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа, иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.

Ҳоло корҳо барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи ­Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома дошта, ба ин мақсад 470 миллион сомонӣ сармояи давлатӣ равона гардида, то соли 2022 ба истифода супорида мешавад.

Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019-ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт/соат) афзоиш ёбад.

Мавҷудияти роҳҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва инфрасохтори роҳу нақлиёти муосир ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ имконият дод, ки Тоҷикистон аз қаламрави се порча ба қаламрави ягона табдил дода шуда, рафтуомади фаромавсимӣ таъмин карда шавад. Ҳукумати мамлакат баҳри дар амал тадбиқнамоии ҳадафҳои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 53 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи зиёда аз 20,3 миллиард сомонӣ ҷудо намуда, беш аз 2200 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳар сол аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳи байналмилалиро сохта, ба истифода супорад.

То ҳол дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад. Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Яке аз ҳадафҳои марказии Ҳукумати кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ ва даст­расии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ғизоӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва умури кишоварзӣ дар маҷмӯъ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Такмили низоми муносибатҳои заминдорӣ, ба деҳқон додани ихтиёри истифодаи замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳои нав имконият доданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайванданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ солҳои 2016 — 2020 дар ҷумҳурӣ аз 23320,9 млн. то 33621,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 бо нархҳои соли ҷорӣ 44,2 фоиз зиёд шудааст, аз ҷумла, маҳсулоти рустанипарварӣ 23883,2 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз ва чорводорӣ 9738,4 млн. сомонӣ ё 35,2 фоиз афзудааст.

Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ (аз ҳисоби парвариш ва фурӯши ниҳол, парвариши картошка, сабзавот ва қулфинай дар зери плёнкаҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ) ва маҳсулоти чорводорӣ (асосан аз ҳисоби истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва пашм) таъмин гашт.

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона 1562,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016-ум 8,8 фоиз, пахта 409,5 ҳазор тонна (43,8 фоиз), картошка 1022,5 ҳазор тонна (13,8 фоиз), сабзавот 2480,6 ҳазор тонна (41,9 фоиз), полезӣ 757,0 ҳазор тонна (27,4 фоиз), меваҷот 470,4 ҳазор тонна (29,2 фоиз), ангур 239,9 ҳазор тонна (11,7 фоиз) зиёд шуд.

Омили дигаре, ки ба баландшавии суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд, парвариш ва фурӯши ниҳол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, тавассути қабули барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ низ инкишоф ёфта, солҳои охир маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ қисми муҳими маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.

Зикр кардан зарур аст, ки оид ба саршумори чорво ва маҳсулоти он дар хоҷагиҳои аҳолӣ бартарии зиёдтар доранд.

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) 300,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 — ум 28,7 фоиз, шир 1021,0 ҳазор тонна (11,2 фоиз), пашм 8017,0 тонна (9,8 фоиз) ва асал 4220,9 тонна (5,6 фоиз) зиёд шудааст.

Истеҳсоли тухм 983,1 млн. донаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 2,9 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли пилла 388,2 тонна ё 55,3 фоиз кам шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ ба 69,2 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 84,0 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2020 дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 3571,7 тонна моҳӣ сайд карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 75,3 фоиз зиёд мебошад.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат соҳаи муайянкунандаи иқтисоди миллӣ буда, сатҳи рушди муносибатҳои истеҳсолӣ ва сифати зиндагонӣ ба он алоқамандии бевосита дорад. Вобаста ба ин, солҳои охир саноати кишвар дар маркази татбиқи ислоҳот қарор дошта, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон гардид.

Бо истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба самти саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳи васеъ мекушоянд.

Рушди ҷараёни саноатикунонии кишвар ба болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва бартарафсозии масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротшаванда ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеризаминӣ мебошад, корхонаҳои металлургияи ранга дар оянда ба кор даромада, иқтидори содиротии мамлакатро меафзоянд.

Дар ин замина, тавассути бунёди корхонаҳои хурду миёна ва калони саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ММД аз 15,2 фоиз, соли 2016 то 17,3 фоиз, соли 2019 низ афзоиш ёфт. Дар баробари ин, айни замон соҳаҳои алоҳидаи саноати миллӣ, аз он ҷумла саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноатӣ истихроҷ ва ғайра ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд, ки истеҳсоли кифояи маҳсулоти соҳаро ба роҳ монда, воридоти онро коҳиш диҳанд ва ё пурра аз байн баранд.

Маҳсулоти саноатӣ соли 2019 нисбат ба соли 2012 зиёда аз дуюним баробар зиёд гардида, айни замон дар кишвар зиёда аз 2160 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Шумораи кормандони миёнсоли истеҳсолоти саноатӣ 85,6 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ мувофиқи омори расмӣ соли 2019 ба 27586,6 млн. сомонӣ баробар гардида, аз ин 4853,3 млн. сомонӣ ба саноати истихроҷ, 15927,5 млн. сомонӣ ва 6624,2 млн. сомонӣ ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво рост меоянд. Ҳамчунин, сохтори соҳавии саноат тағйир ёфта, айни замон саноати коркард 57,7 фоиз, саноати истихроҷ 17,6 фоиз ва истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва об 24,0 фоизро ташкил медиҳад. Тайи 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн.сомонӣ, суръати рушди он ба 9,2 фоиз баробар шуд.

Вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ рушд намуда, дар онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 198486,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла: дар МОИ «Суғд»-163260,8, МОИ «Данғара»-34339.3, МОИ «Панҷ»-886,7 ҳаз. сомонӣ баробар шуд.

Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.

Аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 265 адад ба саноати истихроҷ, 1852 — саноати коркард, 76 — энергетика ва 81 адад ба таъминоти об (коркарди дуюмдараҷа) рост меояд.

Бояд зикр намуд, ки саноати кишвар тамоюли рушди мунтазамро нигоҳ дошта истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 18,2 млрд. сомонии соли 2016 то ба 30,8 млрд. сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд, ки суръати рушди он нисбат ба соли 2016 -ум 1,7 баробар ва нисбат соли 2019-ум 9,7 фоиз зиёд шудааст.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2019-ум аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли саноати коркард (117,4 фоиз) ва истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва гармӣ (100,9 фоиз) ба вуҷуд омадааст.

Афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои асосии саноати коркард дар давраи ҳисобот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар зерсоҳаҳои зерин мушоҳида мешавад: истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку (128,3 фоиз), истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол (117,5 фоиз), истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри филизӣ (109,2 фоиз), истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмасса, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ (105,3 фоиз), истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ (104,3 фоиз) ва истеҳсоли маҳсулоти фармасевтикӣ (2,1 баробар). Ҳиссаи соҳаҳои зикршуда дар хаҷми умумии маҳсулоти саноати коркард 95,7 фоизро дар моҳҳои январ — декабри соли 2020 ташкил медиҳад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ ва баҳисобгирии пурраи маҳсулоти дар хоҷагиҳои хонавода ва бахши хусусӣ истеҳсолшуда бозҳисоби истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ, консерваю афшура дар хоҷагиҳои хонавода ва истеҳсоли гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, масолеҳи сохтмонӣ (хишт, маҳсулоти чӯбӣ) дар бахши соҳибкорӣ (тавассути патент фаъолияткунанда), инчунин коркарди гандум дар осиёбҳо анҷом дода шуда, ба хаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ворид карда шуд.

Соли 2020 аз 293 намуд маҳсулоти муҳимтарини саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 151 номгӯи он (51,5 фоиз) таъмин гардида, 31 номгӯи моле (10,6 фоиз), ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд, 10 намуди маҳсулот (3,4 фоиз), ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол шуда буданд, истеҳсол нашудааст ва ҳаҷми истеҳсоли 101 номгӯи маҳсулот (34,5 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт.

Соли 1991 дар кишвар 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Дар ин давра на танҳо асноди меъёриву ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардиданд, балки механизмҳои дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии бозорӣ низ такмил дода шуданд. Дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва танзими шароити созгор барои рушди соҳибкорӣ имкон дод, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба андозаи назаррас боло рафта, соҳибкорӣ ба фишанги муҳимтарини таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад.

Ба рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ тадбирҳои иловагии иқтисодӣ ва институтсионалӣ низ таъсири мусбат расониданд. Барои мисол, ташкили МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ», эълони моратория ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои хоҷагидор, такмили низоми иҷозатномадиҳӣ ва ташкили «равзанаи ягона» муҳити соҳибкориро комилан тағйир дода, барои рушди ҳаматарафаи он замина гузоштанд. Мувофиқи омори расмӣ, дар кишвар зиёда 284,7 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул буда, дар баробари ин, зиёда 172668 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ҳукумати кишвар ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҷидду ҷаҳди зиёд ва ислоҳоти иқтисодиро мунтазам идома дод, ки дар натиҷа, Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.

Тавре Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 иброз доштанд, дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ то 90 фоизи дороии давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд. Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, ҳоло саҳми он дар ММД беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мамлакат 649 корхонаи муштарак фаъолият мекунад, ки на танҳо дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ, балки дар баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои табиию иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар аҳамияти калидӣ доранд. Даромади корхонаҳои муштарак соли 2018 ба 10751,0 млн. сомонӣ баробар гардида, дар сохтори маҳсулоти саноатӣ саҳми калон доранд.

Нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми таъминоти институтсионалии рушди иқтисодиёт низ хеле калон аст. Масалан, ташаббусҳои алоҳида барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессия, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, мораторияи санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили кодексҳои андоз, гумрук ва замини Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд. Қобили зикр аст, ки Фармони Президенти мамлакат оид ба эълони мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои се сол, ки соли 2019 боз тамдид карда шуд ва таҳияи Кодекси андози нав аз нишондоди Паёми соли 2011 бармеоянд ва моҳҳои наздик боз Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳод мегардад.

Солҳои тӯлонӣ фаъолияти ҷамъоварии андоз тибқи қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар як намуди андоз ба амал бароварда мешуд. Моҳи ноябри соли 1998 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он то 31 декабри соли 2004 мавриди амал қарор дошт. Бо тақозои замон ва гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ зарурати ислоҳоти иқтисодӣ пеш омад. Заруртарин қисми таркибии он ислоҳоти андоз буд, ки бояд ҷавобгӯи талаботи муносибатҳои бозорӣ бошад.

Соли 2004 Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он 16 намуди андози ҷумҳуриявӣ ва 4 намуди андози маҳаллиро дар бар гирифт.

Дар самти ислоҳоти низоми андозбандии кишвар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2012 қабул гардид, номгӯи андозҳо аз 21 то 9 намуд кам карда шуд. Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдор таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, бояд то моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расонида, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Дастовардҳои зерин аз ҷумлаи натиҷаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз нишондоди паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд:

— раванди ислоҳот дар қисмҳои таркибии иқтисодиёти миллӣ суръати тоза гирифт;

— ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат нақбҳо, шоҳроҳҳои аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ ­дошта, долонҳои транзитӣ ва инфрасохтори муосири роҳу нақлиёт бунёд гардид, ки Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави ягона табдил дод;

— расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар асоси сохтмони неругоҳҳои бузург ва хурду миёна таъмин гардида, ҳоло Тоҷикистон ба кишвари энергетикаи обӣ табдил ёфтааст. Татбиқи ҳамин ҳадаф имконият дод, ки кишвар ба қатори сегонаи давлатҳои истеҳсолкунандани неруи сабз шомил гашта, дар ҳифзи экосистемаи минтақа ва ҷаҳон мавқеи назаррасро касб намояд;

— идомаи татбиқи стратегияи саноатикунонии босуръат имконият дод, ки ҳиссаи соҳа дар ММД ботадриҷ боло рафта, ҳар сол дар кишвар садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ташкил карда шавад;

— эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон дод, ки дар кишвар меҳмонхонаҳои ҳозиразамон ва инфрасохтори дигари сайёҳӣ бунёд гардида, барои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин, пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки маҳз дар Паём ироа гардиданд;

— вазифаҳои оид ба зиёд намудани музди меҳнат ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ низ маҳз дар Паём ироа гардида, тайи 10 соли охир панҷ маротиба дар Паём ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияи донишҷӯён ба Ҳукумати кишвар дастур дода шуд. Барои мисол, музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боис ба се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Дархости расмии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо 29 майи соли 2001 ворид гардида, бастаи ҳуҷҷатҳои барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СУС дар ҷаласаи Шӯрои генералии он 10 декабри соли 2012 дар Женева маъқул дониста шуда, протоколи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли СУС ба имзо расиданд. Протокол аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январи соли 2013 ба тасвиб расид, ки дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон 159-ум узви комилҳуқуқи СУС гардид.

Ҳамин тавр, бо гузашти наздик ба 30 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати комил, фарогирии давлатӣ ва созандаю ободкорона зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бомаром  дошта, сифати рушд, аз он ҷумла, рушди бахши воқеӣ, таъмини шуғл, такмили низоми молиявӣ ва фазои сармоягузорӣ, мавриди зикри хос мебошад. Дар ҳамин замина, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектони фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо мубаддал гардад.

АКС аз бойгонии муаллиф

Август 26, 2021 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд