Нагузоред, ки фарзандонатон ягон лаҳзаи ҳаёти пурқимати худро бе мутолиаи китоб сипарӣ намоянд! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ

Октябрь 25, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 25.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Душанбеи чоруми моҳи октябр ҳамасола дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ  ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи китобхонаҳои мактабӣ аз аввали соли 1999 бо ташаббуси ЮНЕСКО таҷлил карда мешавад. Таҷлили санаи мазкур аввалин бор аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ Бланш Вуллз эълон карда шуд. Соли 2005 мақоми расмии ҷашн аз ҷониби президенти нави ин созмон Питер Джоко тасдиқ гардид. Дар баъзе кишварҳои ҷаҳон таҷлили Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ давоми як моҳ сурат мегирад. Дар ин муддат ба хотири ин ҷашн чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоишҳо, семинар, маҳфилу ҷамъомадҳо, вохӯрӣ бо адибону нависандагон ва ғайраҳо баргузор карда мешаванд.

Китобхона дар беҳтар шудани ахлоқ, рушди маънавиёт, ташаккули тафаккур ва васеъшавии ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми қаламрави мамлакат китобхонаҳои замонавӣ қомат афрохта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавиёти наврасону ҷавонон фаъолият мекунанд.

Имрӯзҳо дар тамоми мактабҳои ҳамагонии мамлакат китобхонаҳо мавҷуд буда, хонандагонро бо китобҳои дарсию бадеӣ таъмин менамоянд.

Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотии шашмоҳаи аввали соли равон иброз намуд, дар маҷмӯъ, давоми нимсолаи якум ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 1 млн 334 ҳазору 161 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардонида шудааст.

«Дар ин давра бо ҳамкории шарикони рушд 86 номгӯй китоби бадеӣ ба теъдоди 533 ҳазор нусха нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври ройгон дастрас карда шудааст»,- изҳор намуд Муҳаммадюсуф Имомзода.

Вазири маориф ва илм гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» моҳи январи соли 2021 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо теъдоди 1 миллиону 300 ҳазор нусха чоп карда шуд, ки моҳҳои апрел  ва майи соли 2021 пурра дастраси 3001 муассисаи таҳсилоти умумии такягоҳии лоиҳа  гардонида шуд. Дар самти татбиқи таълими фарогир корҳо идома дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ 12 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо алифбои Брайлӣ чоп гардид, ки аз ҳар номгӯй 80 нусха буда, дар маҷмӯъ 960 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ба ибрози Вазири маориф ва илм, барои ба забонҳои ақаллияти миллӣ (русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ) тарҷума кардани китобҳои дарсии дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ амалкунанда гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Аз ҷумла, айни замон аз 92 китоби ба забони русӣ тарҷумашаванда аз ҷониби гурӯҳи корӣ 53 китоби дарсӣ тарҷума шуда, корҳои таҳриру ороиш ва арзёбии онҳо аз ҷониби мутахассисон идома доранд.

Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст.

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода якчанд корҳои намоён анҷом пазируфтанд.

Ба зикри китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шарбону Амирхуҷаева, нақши босазо бозидани китоб дар зиндагии инсон ва вобастагии муҳим доштани давраҳои гуногуни ҳаёташ бо он дар як сухани баланди файласуфи машҳури ҷаҳон Ситсерон равшан ифода ёфтааст: «Китоб ҷавониро пурсамар, пириро пурфараҳ мекунад, хушбахтиро меафзояд ва аз бадбахтӣ амон мебахшад».

Мавсуф иброз дошт, ки муассисаи мазкур  дорои китобхонаи мактабӣ буда, дар он зиёда аз ҳазор китоби дарсӣ ва қариб 4 ҳазор китоби бадеӣ мавҷуд буда, хонандагон аз он пайваста истифода менамоянд.

«Китобҳое, ки дар китобхонаи дабистони мо мавҷуданд, албатта, китобҳои хубу арзишманд, хазинаи бузурги  мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро бо таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон шинос месозанд. Дар баробари ин, китобҳо хазинаи панду андарзу насиҳат ва дастуру тавсияномаи ҳаётанд, ки хонандаро ба худшиносӣ, инсондўстию ватанпарварӣ, хислатҳои ҳамидаву маърифати баланд, хуллас ба роҳу рўзгори шоиста ва ояндаи саодатманд  ҳидоят месозанд»,- мегӯяд Шарбону Амирхуҷаева.

Ба зикри мавсуф, солҳои охир ҷиҳати татбиқи амалигардонии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миддат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди соҳаи маориф, алалхусус китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

«Ҳамасола дар муассисаи мо бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ бо адибону нависандагон вохӯриҳо доир мегарданд. Инчунин хонандагони муассиса дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок менамоянд, ки он бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни хонандагон гузаронида мешавад», -илова намуд Шарбону Амирхуҷаева.

Ба зикри китобдори мактаб, хонандагони муассиса ҳамасола дар даври мактабӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявии озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти муассиса дар самти китобхон намудани хонандагон бо падару модар пайваста вохӯрию суҳбатҳои судманд ба роҳ монда мешаванд.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Бо таваҷҷуҳ ба он шароите, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо фароҳам гардидааст,  насли наврас ва ҷавонони моро мебояд аз он самаранок истифода намоянд, бо донишҳои замони муосир мусаллаҳ гарданд, то тавонанд дар рушди минбаъдаи давлатдории миллии мо саҳм гузоранд. Яке аз мақсадҳои асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълон доштани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ маҳз ҳамин аст.

Соли сеюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Соли равон  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории озмуни мазкур 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бояд гуфт, ки ободию  пойдории олам ва пешравию зиндагии осудаи насли одам  аз файзи китоб ва фарҳангу маърифат аст.

Пас, волидайни муҳтарам нагузоред, ки фарзандонатон ягон лаҳзаи  ҳаёти пурқимати худро бе мутолиаи китоб сипарӣ намоянд. Зеро китоб баҳрест, ки дар он дуру гавҳар мавҷуд аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд