Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии гумрук-2021 иштирок намуд

Октябрь 26, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Форуми  байналмилалии гумрук-2021, ки 21-22 октябр дар пойтахти Русия — шаҳри Москва доир гардид, иштирок намуд.

Аз Хадамоти  гумруки назди  Ҳукумати   ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи умумии Форуми байналмилалии гумрук-2021 Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба таври  маҷозӣ ширкат намуда, онро ифтитоҳ кард ва иштирокдорони  Форумро шодбош гуфт.

Форуми байналмилалии гумрук-2021 шуруъ аз соли 1999  ҳамасола гузаронида шуда, ба намояндагони мақомоти гумрук ва соҳибкорон имкон медиҳад, ки барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи ташаббусҳои нав дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ дар фазои хуби корӣ гуфтушунид доир намоянд. Дар бахшу ҷаласаҳои Форуми байналмилалии гумрук-2021 масъалаҳои марбут ба таъсиси гумруки электронӣ, фаъолияти мақомоти гумрук дар шароити пандемияи COVID-19, гумруки зеҳнӣ, истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.

Дар доираи Форуми байналмилалии гумрук-21 миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии  Узбекистон  «Илова ба Шартҳои техникии ҳамкорӣ дар самти мубодилаи маълумот байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон аз 4 октябри соли 2018» ба имзо расид.

Инчунин дар доираи Форуми байналмилалии гумрук-2021 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Вазорати молияи Ҳиндустон, Роҳбари Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон, муовини якуми Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия, муовини якуми Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории судманди гумрукӣ баррасӣ шуданд.

   Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҶТ

Октябрь 26, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад