Қазоқистон нақша дорад ба Тоҷикистон ба таври ройгон техникаҳои низомӣ диҳад

Ноябрь 10, 2021 12:31

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаи қонун «Дар бораи тасвиби Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникии ройгон»-ро тасдиқ намуданд, иттилоъ дод имрӯз Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ». 

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Руслан Шпекбаев  зимни муаррифии санад дар ҷаласаи пленарии палата зикр намуд, ки Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кумаки техникии ройгони ҳарбӣ (минбаъд Созишнома) 17 апрели соли 2021 дар шаҳри Нур-Султон сурат гирифта буд.

Қабули Созишнома ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардида, баҳри мусоидат ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бино ба хулосаи Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният, тибқи Созишнома, Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки бебозгашти техникӣ-ҳарбиро дар шакли моликияти ҳарбӣ месупорад.

Тибқи банди 3-юми Созишнома, ҷониби Қазоқистон супоридани моликияти ҳарбиро тавассути роҳи оҳан аз стансияи Отари вилояти Ҷамбул то ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (нуқтаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе) анҷом медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Созишнома баҳои  мусбат медиҳанд.

АКС: АБИ «Казинформ»

Ноябрь 10, 2021 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд