Баҳодур ва Шаббос имрӯз дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс вориди ринг мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 ноябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари бомаҳорати тоҷик, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг мешаванд. Ҳарифи Шаббос Негматуллоев Кейлан Кассидӣ аз Ирландия ва ҳарифи Баҳодур Усмонов Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ҳастанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рӯзи ҳафтуми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, муҳорибаҳои даври ҳаштякфинал доир гаштанд.
31 октябр ду варзишгарамон муҳориба карда, ноком шуданд. Дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон Ёқубов дар рақобати аввалаш Роланд Велес (Венгрия) ва Ҷаҳон Қурбонов Элли Очола (Кения)-ро мағлуб карда буданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






