Сафорати ҶТ дар ФР: афроде, ки бар асари сӯхтор дар вилояти Москва қурбон шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Ноябрь 16, 2021 12:53

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Афроде, ки бар асари сӯхтори 13 ноябр дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва қурбон ва захмӣ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар медиҳад дар саҳифаи Facebook-и худ Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Тавре Сафорат иттилоъ медиҳад, маълумоте, ки дар як қатор воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) Русия дар бораи гӯё қурбон ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сӯхтори 13 ноябр дар бинои ёрирасоне дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва нашр гардид, асоси воқеӣ надорад.

Сафорати Тоҷикистон аз Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва маълум кард, ки қурбониён шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан якчанд ВАО-и Русия хабар дода буданд, ки 13 ноябр дар ноҳияи Солнечногорск ҳангоми сохтмони иншоот дар шаҳраки аҳолинишин сӯхтор ба амал омадааст. Ба навиштаи ВАО-и Русия, чор нафар коргарони хориҷӣ қурбон ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, ки эҳтимолан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

12 ноябр дар ҳодисаи дигаре, ки дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск рух дод, афроди номаълум вагонеро, ки дар он сохтмончиёни яке аз иншооти сохташаванда зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.

Дар натича ду коргар қурбон ва 5 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ҳодисаро шарҳ дод.

«Сафорат вобаста ба муноқишаи дар ноҳияи Зеларинск рухдода бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пайгирии он дар ҳамкорӣ мебошад», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорати ҶТ дар ФР.

Сафорат тазаккур медиҳад, ки ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур кормандони Сафорати ҶТ дар ФР ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.

«Ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ  қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад», — таъкид шудааст дар иттилоияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

АКС: саҳифаи Facebook-и Сафорати ҶТ дар ФР 

Ноябрь 16, 2021 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст