«ШОИРУ ШЕЪРЕ АГАР ҲАСТ…». Дар Душанбе ғолибони озмуни онлайнӣ барои беҳтарин қироати шеъри Бозор Собир муайян шуданд

Ноябрь 29, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди  шоири муосири тоҷик Бозор Собир таҳти унвони «Шоиру шеъре агар ҳаст…» маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактаб Ноҳина Раҳмонова, Омина Рустамова ва директори МД  «Китобхонаи шаҳрӣ»-и ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодир Абдуққаҳор ғолибони озмуни онлайнии «Беҳтарин қироати шеъри шоир» муайян шуда, соҳиби туҳфаи пулӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур ба ёдбуди шоири адабиёти муосири тоҷик Бозор Собир аз 9 то 18 ноябр баргузор гардида, тариқи сомонаи иҷтимоии фейсбук ҷараён гирифт ва дар он  қариб 90 нафар бо қироат намудани ғазал, шеър ва дубайтиҳои шоир иштирок намуданд.

Дар маҳфил адибон, зиёиён, хешону пайвандон, ёру дӯстон ва мухлисони шеъри шоири зиндаёд иштирок намуда, аз  ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти нотакрораш ёдоварӣ намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло  иброз намуд, ки «дар замони навқаламиву ҷавониамон  устод Бозор Собир буд, ки мо, ҷавонон, шеърҳои шогирдонаи худро ба ҳузураш мебурдем. Ва ҳамин Бозор Собир буд, ки моро бо рӯи хуш қабул мекард ва дар сари навиштаҳои шогирдонаамон бедареғ соатҳо менишаст, андеша мекард, қалам мезад, таҳрир менамуд ва барои шеъромӯзию ҳунари шеъру сухангустариро омӯхтани мо вақти худро дареғ намедошт. Хусусан ин замоне буд, ки ӯ дар шуъбаи адабиёти бадеии рӯзномаи «Маориф ва маданият», баъдан ба сифати мудири шуъбаи назми «Садои Шарқ» кор мекард. Албатта, ӯ танҳо бо ҷавонони эҷодкоре чунин муносибат менамуд, ки дурахши ҳунару истеъдодашонро мушоҳида мекард».

Дар идома шоир Камол Насрулло гуфт, ки «банда низ борҳо аз дастгириҳои устод Бозор бархӯрдор ва шарафёб шудаам. Дар замоне ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расидани шеър ба ҳар шоир муяссар намешуд ва нашри як шеъри шоири ҷавон дар ин нашрия маънои эътирофи ӯро дошт, устод Бозор Собир, ки аз ин пеш шеърҳои маро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расонида буд, аз панҷ шеъри банда якбора чортоашро  дар ин маҷаллаи бонуфуз ба  нашр расонид. Ва шояд бори аввал буд, ки ин миқдор шеъри як шоири ҷавон, ки нав донишкадаро хатм кардааст, дар чунин маҷаллаи номдор дар як шумора чоп шавад. Нақли ин ҳикоят на барои таърифи банда, балки барои нишон додани он аст, ки устод Бозор чӣ гуна некбин, хайрхоҳ  ва покдил буд».

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, олим ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Аскар  Ҳаким аз шоир ёдоварӣ карда,  иброз дошт, ки «қарни XX  ва XXI се уқоби бисёр ҳам  баландпарвоз дошт, ки онҳо дар он вақт ормони мо, ҷавонон буданд, яъне Муъмин Қаноат,  Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир. Онҳо дар осмони баланду беканори  шеъри ҳазорсолаи  мо бол мезаданд  ва аз ҳама муҳимаш, парвози ҳар яки онҳо дар сабки худашон буд. Бояд гуфт, ки мо дар эҷодиёташон ҳанӯз ҳам чеҳраи эшонро мебинем. Мавқеи Бозор Собир ҳамеша  дар ин осмони беҳудуди шеъри тоҷик  дурахшон аст».

Сипас шоир Аскар Ҳаким дар маҳфил як шеъри худро қироат намуд:

Ин ойинаи нур кӣ будаст, кӣ будаст,
К-аз оби рухаш чашмаи хуршед намудаст.
Оҳ, ин чӣ гузаштан зи бари мо ба хамӯшӣ,
Хомӯш, ки хомӯшии ӯ авҷи суруд аст.
Дар ғунчаи лабҳош агар бӯйи баён нест,
Шаҳр ин хабари тозаи ишқ аз кӣ шунудаст?
Хуш мераваду рафтани ӯ нест видоъе,
Ӯро, ки ба ҳар мақдами падруд дуруд аст.
Ӯ масҷиду дайреву куниште нашиносад,
Аммо ҳама афтода ба пояш ба суҷуд аст.
Гар дасти сахо мояи ноз аст башарро,
Ин ӯст, ки аъзои вуҷудаш ҳама ҷуд аст.
Ин банда, Худоё, чӣ Худоест, ки банда-ш
Буддоиву тарсову мусалмону яҳуд аст.
Як бор, ки бар боми фалак рафт, дигар рафт,
Ойини ҷаҳон гарчи фароз асту фуруд аст.
Он аст, ки аз рӯзи азал нест суқуташ,
Роҳе, ки кунад азм, суъуд асту суъуд аст.
Моро ҳама ин дидаи ҳайрон зи қафояш
Бо шавқу хитобе, ки кӣ будаст, кӣ будаст?!

Дар маҳфили адабӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Гулрухсор Сафиева ва дигар адибон иштирокдорон  дар васфи шоири зиндаёд хотироти рангинашонро варақгардон карданд.

Дар маҳфил Муҳаррама Шарипова ва Ҷаъфари Ҷалол аз эҷодиёти шоири маъруф Бозор Собир сурудҳо сароида, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Суфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст.

Мутаассифона, барвақт ятим мондааст, зеро падар дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шаҳид шуд. Баъдҳо шоир гуфтааст:

Дар сари кӯчаҳои Файзобод,

Чашм ба роҳи кӯҳна шому саҳар.

Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,

Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст оварда, соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адолат» фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Пайванд» соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои «Мижгони шаб» (1981), «Борони тиллоӣ» (1982), сипас як силсила шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи маҷмӯаи «Оташбарг» (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабон гардиданд. Китоби дигари ӯ «Чашми сафедор» (1991) мебошад. Бозор Собир пайваста ба нашрияҳои Москва ҳамкорӣ дошт ва чандин шеъраш дар маҷаллаҳои «Дружба народов», «Смена», «Советская литература» (ба забонҳои хориҷӣ), дар «Музика» ба забони русӣ чоп шуданд. Соли 1979 нашрияи «Советский писател» маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи «Каменная кладка» аз чоп баровард.

Бозор Собир чун анъана ба масоили тарҷума мутаваҷҷеҳ буд ва  ашъори шоири чехӣ М. Валеко, силсилаи шеърҳои Д. Байрон, А. Рембо, Г. Аполменер, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигар шоиронро ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба ихтиёри мухлисон гузоштааст. Ҳамчунин соли 1977 бо ҳамқаламии шоир Лоиқ Шералӣ шеърҳои шоири шинохташудаи рус С. Есенинро ба забони форсии тоҷикӣ баргардонда, таҳти унвони «Гулафшон» ба чоп расонд.

Ҳамзамон як силсила шеърҳои Бозор Собир дар матбуоти Эрону Афғонистон рӯи чопро диданд, монанди «Баргузидаи ашъори Бозор Собир» (Теҳрон, нашрияи «Ал-Ҳудо», 1996).

Маҷмуаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан, бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

Маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхорию арҷгузориҳояшон  ба илму адаб ва фарзандони эҷодкори ин  миллат буд, ки шоири номдори тоҷик Бозор Собир баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар Амрико 27 майи соли 2013 ба Ватан бозгардонида шуда, 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-солагии эълони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба шоир Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи III тақдим карданд.

Шоири маъруфи адабиёти муосири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар беморхонаи Сиэтли Амрико аз олам чашм пӯшид.

Дар ниҳоят чанд намунаи диловез ва безаволи шоири шаҳири миллатро ба ёд меорем ва зери лаб замзама мекунем:

НОМАҲО

Номаҳоятро кушодам,

Бар   ҳаво сар додам аз даст,

То шаванд абри баҳорӣ,

Номаҳои ёдгорӣ.

Бар сари талҳо бигирянд,

Чашмаю дарё бигирянд,

Номаҳо бар мо бигирянд…

Дина шаб бориду борид,

Об дар дарё нағунҷид,

Дина шаб танҳоии ман,

Дар мани танҳо нағунҷид…

Дина шаб борони найсон

Аз заминҳо нақши по шуст.

Дар дилам доғе фузун шуд,

Чун паи пои туро шуст.

Дина шаб дар кӯчаҳо беҳуда гаштам.

Ҳамчу сайёдони раҳгумкарда гаштам…

Дина шаб олам тамоман об буд,

Осмон шодоб, замин шодоб буд.

 Лек ман номи ту бар лаб

Худ ба худ чун хушксорон

Сӯхтам дар зери борон.

***

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?

Парандаҳои мусофир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд, чаро намеoӣ?

Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,

Дубора чаҳ– чаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод,

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,

Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,

Ба рафтанат чи қадар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон бинои баланде ватан бувад номаш,

Ба хишти кони падар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон сутуни баланде ватан бувад бомаш,

Ба устухони падар шуд, чаро намеоӣ?

***

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем

Ҳамсоли «Авасто» -ем, ҳам оташи Зардуштем,

Мо оташи Зардуштӣ нокушта намекуштем.

Ҳамтешаи Фарҳодем, андеша намекардем,

Чуз решаи Оҳарман мо теша намекардем.

Аз давраи Деваштич дар кӯзаи мо девест,

Ин деви адоват нест, ин деви ватанхоҳист.

Чун Золи Зар аз модар кам бачча таваллуд шуд,

Ҳам рӯи сафедаш буд, ҳам мӯи сафедаш буд.

Мо ҳам, ки аз он зотем, мо ҳам, ки аз он бобо,

Ҳам мӯи сафед аз мост, ҳам рӯи сафед аз мо.

Дар қиблаи дил моро тоҷе ҳама меҳроб аст,

Дар қиблаи дил моро мехроб на, Сӯҳроб аст.

Дар бозуи дил моро як панҷаҳи кӯтоҳ аст,

Бо панҷаи кӯтоҳаш аз Борбад аст ин даст.

Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,

Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.

Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем,

Девори Бухороем мо ҳам, кӯҳи хороем.

Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем,

Ҳам вориси Хомусем, ҳам вориси номусем.

Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшҳрии Иқболем,

Ҳамшаҳри баномусем, ҳамшаҳри баикболем.

Дар кохи Аҷам кӯҳ аст, дар мӯри Аҷам мир аст,

Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шеъри Аҷам шер аст,

Шере, ки дар анбӯҳи найзори қалам хоб аст,

Шери нари шеърашро душман натавонад баст.

***

Ман намедонам, ки дар савдои шеър

Шоири аз шоирӣ ношод кист,

Лек рўзе бе ғазал, бе шеъри тар монад агар лабҳои ман,

Чун лабони чашмаҳои хушк парсин мезананд,

Ҳеҷ кас монанди ман ношод нест.

Шукри он вақте ки аз банди ҷигар

Байтҳои тоза берун мешаванд…

Дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари гаҳворае,

Чун зани навзод шодам.

Дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари пайроҳае,

Гӯӣ маҳбуси навозодам…

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам.

***

ЗАБОНИ ВАТАН

Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,

Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,

Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.

Қомати кӯтоҳи манғит

Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.

Пастии саҳрои Қипчоқ

Аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Халқи тоҷик,

Халқи армон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хашм

Чун асирон,

Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,

Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Душмани дарвеши худро,

Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.

Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон

Солҳои тангиро медид ӯ,

Гаҳ дар оташ,

Гаҳ дар об

Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,

Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.

Лек лафзи модариаш,

Ҳамчу номи модараш,

Дар забону дар даҳонаш монд — монд.

Ҳар сухан бо шири модар

Сахт шуд дар устухонаш монд — монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин,

Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш

Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯйиё чун сайди маҷрӯҳ

Ӯ ҷароҳатҳои худро

Гаштаю баргашта лесид,

Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун

Гарчи бо габру мусулмон

Ҳамсаро буд,

Ҳамрасулу ҳамхудо буд,

Дар забон аммо ҷудо буд.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

***

Дубора созамат, Ватан,

Зи хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту

Ба устухони хештан.

Сатили обу гил маро,

Барои сохтори ту,

Ду панҷа хуни дил маро

Барои рангубори ту.

Барои дар чаҳор сӯ навиштани шиори ту:

«Бародарӣ- баробарӣ, баробарӣ-бародарӣ!»

Агар чу шиша чашми ман ба кор меравад бимон,

Ба кор меравад агар сарам чу санги сохтмон бимон,

Бимон, бимон!

 

София ШОИК,
Мақсуд МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО:АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид