Ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 73 сол пур мешавад. Ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 4 то 10 декабр бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Ҳафтаи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, дар доираи он барномаҳои гуногун, аз қабили мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳо кӯдакона, вохӯриҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар маҳаллаҳо ва қабули шаҳрвандон, конфронсҳо дар мавзӯъҳои «Ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда», «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ», инчунин ҷамъбасти озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Зодагони даврони истиқлол».доир карда мешаванд.
Мавризи ёдоварист, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 73 сол пур мешавад. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода карда шудааст.
Вобаста ба таърихи қабули ин Эъломия ва аҳамияти он дар ҷаҳони муосир мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Муқим Ашӯров суҳбат намуд.
Ба андешаи Муқим Ашӯров, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад, ки соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён — шоҳ Куруш қабул гардидааст. Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон омада расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шуда, дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ баръало таҷассум ёфтааст.
Аввалин поягузорони асосҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи инсоният аҷдодони мо буданд ва мо ифтихор аз он дорем, ки аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ҳанӯз 2500 сол пеш, аниқтараш соли 539 пеш аз милод аз тарафи Куруши Кабир ба оламиён эҳдо гардида буд. Принсипҳои Эъломияи Куруши Кабир дар 4 моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон инъикос ёфта, он имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.
М. Ашуров аҳамияти ҷаҳонии ин ҳуҷҷатро дар он арзёбӣ менамояд, ки он ҳамчун Кодекси асосии байналмилалии рафтор дар соҳаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Ӯ гуфт, бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад. 10 сол қабл аз ин, 5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст». Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас шуморида шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз он ки Эъломияи ҳуқуқи инсон барои давлатҳо уҳдадории ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеорад, ба танзими муносибатҳои байни давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонида, дар асоси муқаррароти он ҳамаи шартномаҳои байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Дар моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки «тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Яъне эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон асосҳои меҳварии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро ташкил мекунанд. Ва тибқи санади мазкур риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи ҳамаи халқҳо ва давлатҳо дониста шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ин нахустсанад аксари кулли санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ба мисли Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кўдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳоро ба тасвиб расонидааст. Инчунин Тоҷикистон тавонист тайи солҳои Истиқлолият сулҳу ваҳдатро пойдор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф, эҳтиром, ҳимоя ва ҳифз намуда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалат пайдо намояд.
«Новобаста аз он ки вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳар кишвар гуногун аст, аммо ғояҳо оид ба тақсимнашаванда, бегонанашаванда будани ҳуқуқҳои инсон бо таҷрибаи ҷаҳонӣ санҷида шудаанд ва ҷамъияте, ки давлати ҳуқуқбунёд барпо менамояд, онҳоро бояд ба эътибор гирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд мунтазам ин санади асосии ҳуқуқи инсониятро ҳифз ва дастуру нишондодҳояшро бе чуну чаро татбиқ намуда, ҳуқуқи инсонро ҳамчун самти асосии арзишноки рушди ҷомеа арзёбӣ намояд»,-изҳор медорад Муқим Ашуров.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКСҲО аз манбаъҳои боз