Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иброз намуд, ки татбиқи лоиҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он аз ворид намудани методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 17 касби интихобгардида дар панҷ бахши афзалиятноки 29 муассисаи ҳадафии низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш иборат мебошад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки методологияи нави таълим дар асоси салоҳият дар низоми таҳсилоти касбии техникӣ ҷорӣ гардида, дар заминаи он харитаҳои функсионалӣ, стандартҳои салоҳият, барномаву маводи таълимӣ барои 17 касби интихобгардида таҳия шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон оид ба таҷдиди методологияи низоми таҳсилот, тасдиқи 17 стандарти салоҳияти касбҳо, навсозии инфрасохторҳо дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои таҳсилот, тақвияти низоми идоракунӣ ва менеҷменти замонавии таҳсилот маъруза намуданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии низоми вазорат ва беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тавсияҳо дод.
Дар 29 муассисаи давлатии таълимии низоми ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш корҳои таъмириву барқарорсозӣ гузаронида шуда, бо асбобу таҷҳизоти таълимӣ таъмин карда шудаанд. Ҷиҳати муосидат ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон аз қишрҳои осебпазири аҳолӣ курсҳои омӯзишӣ баргузор карда шуданд.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи мазкур барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст






