Қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилии вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиаи Тоҷикистон дар Бадахшон ба зимистон омодаанд

Декабрь 3, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омодагии афсарону сарбозон ба мавсими зимистон, ҳамзамон санҷиши ҳолати омодабошии ҷангии аскарону афсарон 2 декабр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКД ҶТ.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии мазкур ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар анборхонаи онҳо захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, либос ва сӯзишворӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст.

Омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ буда, техника ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор доранд. Зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.

Вазири корҳои дохилӣ барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонид ва дар хизмати сермасъулияту пурифтихор ба онҳо муваффақият орзу намуд.

 АКС: ВКД ҶТ

Декабрь 3, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд