Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом боздид намуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ аз якчанд қисмҳои низомии шаҳрҳои Исфараю Конибодом боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи бузурги мудофиавӣ табдил ёфта, қодиранд марзу бум ва манфиатҳои давлату миллатро ҳимоят кунанд.
“Ҷавонмардони шуҷову далер ва фарзандони қаҳрамони Ватан, ки марзҳои давлати моро ҳифз менамоянд, ҳомиёни халқу давлат буда, дар хатти пеши мудофиа қарор доранд. Хизматчиёни ҳарбӣ хуб дарк мекунанд, ки мардум ба онҳо боварии комил дорад ва онҳо низ сарбаландона аз иҷрои вазифаҳо мебароянд”,-афзуд Раҷаббой Аҳамадзода.
Ҳамзамон Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Раиси вилоят ҳамзамон нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки бо супориши Пешвои миллат ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои мусаллаҳ ва махсусан Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа дода хоҳад шуд.
Сипас, барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавии роҳбари вилоят супорида шуданд.
Ҳамзамон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Конибодом, аз ҷумла дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комендатураи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, хизматчиёни ҳарбиро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ табрик гуфт.
Раиси вилоят дар суҳбат бо ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозон изҳор кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърихӣ гузашта, имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи пурқудрати мудофиавӣ табдил ёфтаанд. Дар қисмҳои низомӣ барои буду боши сарбозону афсарон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, диловарони Ватан бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматро адо намуда истодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд ҳам барои беҳтар шудани шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар ин рӯз барои афсарону сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” ва комендатураи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавии роҳбари вилоят супорида шуданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд






