Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.
Директори Агентӣ дар бораи дастоварду мушкилот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, аз хатари паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон сухан гуфта, аз Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва дигар кишварҳо — иштирокчиёни ҷаласа даъват кард, ки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирии паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд.
Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хатари воқеии нашъамандӣ ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми тадбирҳои заруриро дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон меандешад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Покистон, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекрурсорҳои онҳо ва дигар кишварҳову ташкилоту созмонҳои байналмилалии маблағгузор ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа дастовардҳои асосии Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар марҳилаи II ва шарҳи афзалияти асосии стратегӣ оид ба марҳилаи III Барномаи мазкур барои соли 2022, баррасии талошҳо барои кафолати тавонмандии минтақавии мубориза бо маводи нашъадор ва ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, изҳороти кишварҳои маблағгузор ва шарикони Барномаи минтақавӣ, оғози расмии марҳилаи сеюми Барномаи минтақавии UNODC барои солҳои (2022-2025) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






