«ДАР ПАЙКАРИ ҲАР ИНСОН, НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН!». Имрӯз дар ҷумҳурӣ Наврӯзи фархундапай таҷаллӣ дорад

Март 21, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯзи имсола 20 март, соати 20:30 ба вақти Душанбе фаро расид. Имрӯз рӯзи аввалинест, ки Наврӯз дар сарзамини худ — Тоҷикистон бо шукӯҳу таҷаллии фархунда ҳукмфармост. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат  шодиву фараҳ танинадоз мегардад ва марди деҳқон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад.

Назаре ба таърихи ҷашни Наврӯз

Наврӯзро «ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбут ба кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз ба эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дониста мешавад, зеро он ҳанӯз то замони зардуштиҳо таҷлил мешуд. Дар давлати Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI-IV то қарни мо) ва Сосониҳо (асрҳои III —VII то қарни мо) Наврӯз ҷашни аслӣ маҳсуб мешуд.

Қадимтарин манбае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр мешавад, китоби муқаддаси зардуштиҳо «Авасто» мебошад.

Дар замони давлатдории Сосониён  оинҳои басо куҳан зинда шуданд ва  фарҳанги арзишманди ниёгон дар саросари кишвар ривоҷу равнақ ёфт.   Як гурӯҳ олимони он давр бо сардории Умари Хайём дар муддати панҷ сол  тадқиқот ва таҷрибаҳо гузаронида, ниҳоят дар рӯзи даҳуми рамазони соли 471-и ҳиҷрӣ, яъне шашуми моҳи марти  соли 1079 мелодӣ тақвими нав ҷорӣ намуданд. Пас аз дақиқу саҳеҳ гардидани солшумории шамсии сосонӣ    соли нав, яъне  Наврӯз рӯзи аввали моҳи фарвардин ё ин ки ҳамал, бо баробаршавии шабу рӯз (мутобиқи тақвими григорианӣ 21-22 моҳи март) ҷашн гирифта шуда, минбаъд устувор гардид.

Дар аҳди қадим  ва имрӯз низ дар Наврӯз тамоми ақвом дар ҷашнгоҳ гирд меоянд ва  тарҳи сулҳу дӯстиву оштӣ  меороянд. Донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки «рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Дар китоби «Ал-тафҳим» менигорад, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст:  «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи  ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад ӯ иқтидо карданд».

Доир ба таърихи Наврӯз ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандон дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъноро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард.

Бародар, иди Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак.

Наврӯз — оғози кори деҳқонон

Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт оғоз мекунанд. Кишоварзони шуҳратманди мамлакат ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, барои ҳосили фаровони зироати кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузоранд.

Тавре дар суҳбат бо мо сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода иброз намуд, кишоварзони мамлакат барои омодагӣ ба кишти баҳорӣ тамоми тадбирҳоро андешидаанд. Барои истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ соли равон   дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611 797 гектар шудгор гузаронида шавад.

Мавсуф зикр намуд, ки яке аз омилҳои ба даст овардани ҳосили фаровон аз таъмини техникаи ҳозиразамон вобаста аст. Аз ин рӯ аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат барои кишту кори баҳорӣ дар ду моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 319 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он тракторҳо 113 адад, комбайни ғалладарав 6 адад, испори тракторӣ 100 адад, мошини алафдаравӣ 1 адад, кулӯхмайдакунак (фреза) 10 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 20 адад, дорупошак 7 адад, нурипошак 5 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин 23 адад эксковатор, 16 адад боркунак, 8 адад булдозер, 3 адад техникаи роҳсозӣ ва дигар техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ ворид гардидаанд.

Ба гуфти мардумшиносон, дар давраҳои қадим мардум дар 12 сутан 12 намуди зироатро парвариш мекарданд. Агар кадоме аз ин зироат хуб сабзид, он солро соли ҳамон донагӣ дониста, онро бештар кишт мекарданд.

Ҷашни Наврӯз барои мардуми мо рамзи рӯзгори осуда, зиндагии ширин ва пурфайзу баракат мебошад. Кишоварзони тоҷик дар таронаҳои хеш заминро васф намудаанд, зеро замин ба инсон ризқу рӯзӣ медиҳад.

Манам деҳқон, замин кошонаи ман,
Миёни дашту саҳро хонаи ман.
Чароғон мекунам кӯҳу даманро,
Ба ҳар маҳфил бувад афсонаи ман. 

Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?

Дар замонҳои қадим  Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз соли ҷадид истиқбол мекарданд. Наврӯз зиндатарин ҷашн дар рӯи Замин буда, воқеан ҳам тавъам будани соли нав ба он ва сабзиши ҷадиди ҷаҳон башоратгари он аст. Он ҳар сол як маротиба чун ҷашни бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тӯли таърих рӯ ба рӯ шудааст, созгор омада ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст.

Ба андешаи муаррихон, дар аҳди Сосониён Наврӯз 30 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Инчунин зикр шудааст, ки Наврӯз дар Хуҷанду Хатлон 7 рӯз, дар Самарқанду Бунҷикат 15 рӯз таҷлил мешуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон-  Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Албания, Косово, Курдистон, Муғулистон, Гурҷистон ва Ироқ ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон Наврӯз расман чаҳор рӯз — 21, 22, 23 ва 24 март таҷлил мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад