Дар Тоҷикистон хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. То охири ҳафта дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва наздикӯҳии Тоҷикистон хатари баланди фаромадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат ва ширкатҳои сайёҳӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругашт дар кӯҳҳо даст кашанд.
Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои дорувору ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок кунанд, то об маҷрои худро дигар карда, вориди ҳавлиҳо нашавад.
АКС аз бойгонӣ








Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён






