Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 апрел дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон айбдоршаванда – сокини шаҳри Хоруғ Хуршедшо Султоншоев, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар доданд.
«12-уми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи “Хоруғи боло”, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 73, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и КҶ ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир карда шуд», — омадааст дар хабари марказ.
Гуфта мшавад, ки зимни амалиёти дастгиркунӣ аз айбдоршаванда Х. Султоншоев 1 адад норинҷаки ҷангии РГД-5 ва миқдори муайяни воситаи нашъадор, инчунин ҳабҳои «экстазӣ» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки нисбати айбдоршаванда 9 ноябри соли 2020 аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №61178 оғоз карда шуда, номбурда расман дар кофтуков қарор дошт.
Х. Султоншоев 4 ноябри соли 2020 бо ҳамроҳии се нафар айбдоршавандагони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта — Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикилобеков Сино Файзалибекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи «Тайота», бо аломати қайди давлатии 0005АА04 ба дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳозир шуда, нисбати кормандони милитсия, ки вазифаҳои хизматии худро иҷро менамуданд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар баробари ин, нисбат ба дастгиршуда Х. Султоншоев 6 апрели соли 2020 аз ҷониби ВКД ҶТ бо дастрасии моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даст доштан ба хариду фурӯши воситаҳои нашъадор парвандаи ҷиноятии №38555 оғоз гардида, охирин аз 24 феврали соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба Х. Султоншоев якчанд маротиба барои ҳозир шудан ба пурсиш расман даъватнома фиристода шудааст. Вале номбурда аз даъват ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барқасдона саркашӣ намудааст.
Нисбат ба дастгиршуда Х. Султоншоев дар Прокуратураи ВМКБ ҳаракатҳои тафтишотӣ идома дорад.
АКС аз бойгонӣ









Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид






