Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар муколамаи вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд

Апрель 19, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва узви комиссияи мазкур Фазлиддин Икромӣ дар мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 18-19 апрел доир гардид,  иштирок намуданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Ҳадафи аслии мулоқоти навбатии шашуми намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон табодули таҷриба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди қабули Кодекси экологии Қазоқистон,  такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ,  инчунин иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда оид ба иқлим мебошад.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ  дар назди иштирокчиёни муколамаи мазкур дар мавзӯи «Пешрафт дар такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишварҳо оид ба иқлим» сухан гуфт.

Мавсуф иброз намуд, ки «Тоҷикистон дар чаҳорчӯби татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйири иқлим якчанд тадбирҳои қонунгузорӣ ва иқтисодиро амалӣ намудааст.  Дар назди Парлумони Тоҷикистон вазифаи мушаххас гузошта шудааст, ки заминаи қонунгузориро бо дарназардошти масоили тағйири иқлим ва татбиқи амалии Созишномаи Париж боз ҳам такмил диҳад».

Парлумони кишвар ба якчанд қонунҳо, инчунин ба қонунҳои амалкунанда оид ба ҳифзи муҳити зист тағйиру иловаҳо ворид намуд.  Дар айни замон ба зиёда аз бист қонун дар бораи ҳифзи табиат тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, асоси қонунгузорӣ нав карда шуд. Қисми зиёди қонунҳо «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи мониторинги муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи ҳифзи экологӣ» , «Дар бораи баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»  дар таҳрири нав қабул карда шуданд.

Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар баробари таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст. 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон буда, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ мусоидат мекунад. Ин падида ҳар сол боиси хароб шудани иншооти хоҷагии халқ гардида, ба аҳолии ҷумҳурӣ  хисороти калони моддию молиявӣ расонида мешавад.

Татбиқи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо метавонад ба рафъи тағйироти иқлим мусоидат намояд.

Таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз василаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ин масъала яке аз самтҳои афзалиятноки гузариш ба рушди устувор муайян шудааст, ки дар доираи он кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ бояд ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати назорат ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои об кумаки моливу техникӣ расонанд.

Як қатор сабабҳои тағйирёбии иқлим вуҷуд доранд, ки яке аз муҳимтаринҳои он дар айни замон партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера аз ҳисоби фаъолияти танзимнашавандаи иқтисодӣ мебошанд.  Бар асоси ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар посух ба даъвати СММ оид ба муқаррароти Созишномаи Париж оид ба нигоҳ доштани ҳарорати миёнаи сайёра изҳор намуда, бо шарикон дар такмили қонунгузории миллӣ, татбиқи стратегияи миллии қабулшуда оид ба мутобиқсозии кишвар ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 дар масъалаҳои беҳтар намудани муҳити зист тадбирҳо меандешад.

Тайи панҷ соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион дарахт шинонида шуда, ин раванд солҳои оянда низ идома меёбад, то тавоноии Тоҷикистон барои расидан ба бетарафии карбон афзоиш ёбад. Илова бар ин, майдони умумии манотиқи табиии махсус ҳифзшаванда дар Тоҷикистон аз 2,8 дарсади масоҳати умумии кишвар аз соли 1991 то ба 22 дарсади масоҳати кишвар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ба таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ хизмат мекунанд.

Тоҷикистон дар асоси дарки дурусти мушкилоти рӯзафзуни об ва аҳамияти захираҳои об барои ноил шудан ба рушди устувор масъалаи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона ва пайваста пеш мебарад.

Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ 8 қатънома қабул кардааст, ки ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об вобаста ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки нишасти имрӯза бояд ба густариши муколамаи мунтазами намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои мубрами рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим мусоидат намояд, — гуфт дар интиҳо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода иштирок намуд.

  АКСҲО: МН МО ҶТ

Апрель 19, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД қадрдонӣ гардиданд
Дар Маҷлиси намояндагон се созишнома ба тасвиб расонида шуданд
Маҷлиси намояндагон бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориро густариш медиҳад
ҲХДТ номзадашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ намуд
КМИР: 26 август дар ҳавзаҳои ВМКБ №1 ва НТҶ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад
Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд
Дар Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конференсияи байналмилалии парлумонии шаҳри Минск иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Парлумон ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Дар Парлумон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо муҳокима шуд