Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо иштирок намуд

Май 30, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки аз 24 то 27 май бо ташаббуси Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия дар ин кишвар баргузор карда шуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Президенти Индонезия Ҷоко Видодо, муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо Мами Мизутори ширкат варзиданд. Дар нишаст, ки ҳамчунин дар низоми онлайн роҳандозӣ шуд, беш аз 7 ҳазор нафар аз 92 кишвари олам иштирок намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ шомил буданд, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода роҳбарӣ кард.

Рустам Назарзода дар мавзӯи «Таҳкими чораҳои коҳиши хатари офатҳо барои пешгирӣ аз вазъи фавқулодаи иқлимӣ» сухан гуфт.

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосия Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо вазирони ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Беларус мулоқот доир намуд. Зимни вохӯриҳо иқдомҳои минбаъдаи татбиқи чорабиниҳои муштараки тарҳрезишуда баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин раиси Кумита бо Роҳбари Дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо Октавиан Бивол, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори ва дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ хонум Нжупуо Яп Мариату мулоқот доир намуд.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои таъсиси Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, Маркази ғаввосон дар шаҳри Норак, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар доираи ИНСАРАГ, инчунин масъалаҳои омодасозии ҷаласаи навбатии сарварони идораҳои наҷоти икшварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Май 30, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд