Занони Осиёи Марказӣ ва Русия барои таъмини суботи ҷаҳонӣ муттаҳид шуданд

Май 17, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони ниҳодҳои вобаста ба ҳалли масоили марбут ба занон ва оилаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия эъломияеро имзо карданд, ки дар он уҳдадории занон барои иштироки бештар дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ эълом шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имзои санад 13 май дар Ашқобод зимни нишасти нахустин Муколамаи занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия сурат гирифт, ки дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Курбонзода ширкат дошт.

Дар ин ҳуҷҷат 11 банд мавҷуд аст. 3-тои аввал ба омодагии занони хизматчии давлатӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, саҳм гузоштан дар суботи ҷаҳонӣ ва ҳифзи муҳити зист бахшида шудаанд.

Қисме аз ин санад ба фаъолияти роҳбарони Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар заминаи ҳимоят аз заноне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, баҳои баланд медиҳад.

Дар доираи эъломия ба аҳамияти заҳматҳои занон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии халқҳои давлатҳои дахлдор, рушди илму маориф, соҳаи тандурустӣ, санъат ва соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Санад ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориро дар мубориза бо оқибатҳои пандемия пешниҳод менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ

Май 17, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд