Дар Душанбе дар соли нави хониш 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави хониши 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ бо беш аз 9 ҳазор ҷой нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Гуфта шуд, ки муассисаҳои мазкур дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, онҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Тавре қаблан муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, Сарраёсат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон оид ба истифода супоридани муассисаҳои таълимии нав дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Яке аз ин муассисҳое, ки дар соли равон ба истифода дода мешавад, ин мактаби хусусии замонавию муосир дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт мебошад.

Сохтмони муассисаи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли 2019 оғоз ёфта, муҳлати баистифодадиҳии бино охири соли 2022 муайян гардидааст.
Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «ГМ ва Партнёрҳо» таҳия шуда, дар иншоот корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ташкилоти пудратии ҶДММ «Бунёдкор Шодӣ» ҷараён доранд.
Ҳамчунин дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар соли равон ба истифода додани 4 муассисаи томактабӣ барои 484 нафар низ дар назар аст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






