Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе утоқи иловагии милитсия ба истифода дода шуд

Июнь 3, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Гипроземи  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар минтақаи хизматии №19-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ -1 дар ноҳияи мазкур утоқи иловагӣ  ба истифода дода шуд, Нуқтаи иловагии мазкур аз ду утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми шароит, аз ҷумла бо мизу курсӣ, компютер таъмин буда, бо дигар таҷҳизоти техникӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, хабар доданд  ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар маросими ифтитоҳи  утоқи иловагии милитсия   сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  Бароталӣ Ҳамидзода, муовини сардори Раёсати мазкур Аҳлиддин Ғафурзода, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи  Сино Илҳом Файзуллозода ва роҳбарону ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок  намуданд.

Сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода кормандони милитсияро ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар сатҳи баланд, тақвияти ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати таъмини тартибот ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ дар раванди пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва ошкору пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ даъват намуд.

«Вазифаи асосии кормандони милитсия пеш аз ҳама, пешгирии қонуншиканӣ маҳсуб шуда, онҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон бояд ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.Баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо аҳолӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд», — афзуд Бароталӣ Ҳамидзода.

Мавриди зикр аст, ки давоми ду моҳи охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ ва боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани афроди ҷиноятпеша аз ҳисоби сохторҳои гуногуни мақомоти милитсия дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд буданд. Дар байни сокинону дигар шаҳрвандони ин минтақа суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамзамон барои дастгир намудани афроди қонуншикан як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур як чанд нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда ва афроди ҷиноятпешаву ҳуқуқвайронкунанда боздошту ба ҷаобгарӣ ҷалб гардиданд.

Тазаккур дода шуд, ки ифтитоҳи чунин утоқҳои иловагӣ барои нозирони минтақавии милитсия шароити мусоиди кориро фароҳам сохта, онҳо  метавонанд сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон шаҳрвандон низ ҷиҳати баррасии арзу шикоятҳои худ бо кормандони милитсия дар иртиботи зич қарор гирифта, дар таҳкими тартиботу пешгирии ҳама гуна унсурҳои халалдоркунандаи тартибот саҳми  арзанда  мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз 30 июни соли 2012  ва амалигардонии стратегия ва барномаҳои ислоҳоти милитсия аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар, дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷиҳати баррасии фаврии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон нуқтаҳои иловагии нозирони минтақавии милитсия сохта ба истифода дода шудаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Июнь 3, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт