Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент «Фон – Семент» бунёд мегардад

Июнь 14, 2022 16:48

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент «Фон – Семент» санги асос гузошта шуд. Фармоишгари корхонаи мазкур   ҶДММ «Фон – Семент» буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ «Саноатсоз» матраҳ гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Бо бунёд гардидани корхонаи мазкур фармоишгар нақша дорад  давоми сол то 100 000 тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд. Корхонаи саноатии «Фон – Семент» мувофиқи нақша бояд  давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани ин корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни гузоштани санги асос бо масъулин суҳбат карда, гуфт, ки пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  Соли рушди саноат эълон  намудани  солҳои 2022-2026  барои мардуми Тоҷикистон  фоли нек аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нақша дорад ки  то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар тамоми нерую қувваи хешро  масраф намояд.

Дар ноҳияи Айнӣ, ки  дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад,  бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Масъулин ба хотири таъмини рушди устувори саноат, иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мамлакат ва рақобатнокии он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Июнь 14, 2022 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад