«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин ном маҷмӯаи хотироти адибони ҷаҳон бо забони асл ва дар тарҷумаи тоҷикӣ ба нашр расид

Июнь 24, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Садои адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» —  таҳти чунин унвон намунаи асарҳои адибони ҷаҳон бо забони асл ва дар тарҷумаи тоҷикӣ ба нашр расид. Дар ин бора муаллиф ва мураттиби ин китоб Абдуқаҳҳори ҚОСИМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Маҷмӯа ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 408 саҳифа ба нарш расид. Дар он осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 57 нафар эҷодкорон Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Курдистон, Амрико, Олмон, Колумбия, Непал, Лаҳистон, Чин, Мекиска, Канада,  Покистон, Дания, Эквадор, Нигерия, Индонезия, Юнон,  Панама, Ҳиндустон, Испания, Сербия, Бангладеш, Бразилия, Туркия, Беларус, Молдова ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.

«Китоб бо дастгирии моддию маънавии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ба нашр расид, — гуфт дар суҳбат бо мо  Абдуқаҳҳори Қосим. — Дар ин маҷмӯа меҳрномаи адибони ҷаҳон дар васфи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст ва ин меҳру муҳаббат самараи    сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди мо бо адибони дунё мебошад. Китоби мазкур метавонад дар баланд бардоштани ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон нақши боризе дошта бошад».

Бояд  зикр намуд, ки дар баргардонидани ин маҷмӯа тарҷумонҳо Абдуқаҳҳори Қосим, Султонмуроди Одина, Камолиддин Бобоев, Ҳайбатулло Шодиев ва Нодира Собирзод саҳм гузоштаанд. Муҳаррирон он Бахтиёр Ҳамдамов, Сантош Кумар аз Непал ва Екатерина Володина аз Русия мебошанд.

                                                              Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

  АКС: АМИТ «Ховар»

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»

Абдуқаҳҳори Қосим 27 январи соли 1965 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад. Дорои маълумоти олӣ – педагогӣ мебошад. Солҳои 1983 — 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хидмат кардааст. Ӯ муассис ва роҳбари клуби адабии «Ворисони Турсунзода» ва филиали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода буда, ҳамчунин сардабирии рӯзномаи маҳаллии «Ҳидоят»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Абдуқаҳҳори Қосим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеър менависад. Ӯ муаллифи китобҳои «Алифбои шавқовар», «Бешаи анбӯҳи андеша», «Садои Дил», «Ворисон», «Сарзамини сабзи хотира» ва дигарон мебошад. Намунаи ашъораш ҳамчунин дар маҷмӯаҳои «Номҳои нав дар адабиёт» («Новые имена в литературе»), «Маҷмӯаи финалистони озмуни байналмилалии ба номи Ф. Тютчев» («Сборник финалистов Международного конкурса имени Ф. Тютчева»), «Маҷмӯаи Ялос-2017» («Сборник Ялос-2017»), «Автограф», «Россияи ман-2016» («Русь моя-2016»), «Зангӯлаи русӣ» («Российский колокол»), «Дебют-2016» чоп   шудааст.

Шеърҳои Абдуқаҳҳори Қосим дар раслонаҳо ва маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба табъ расидаанд: World News of China, «Atunis Galaxy Poetry» — Албания, «Science Guide» — Чин, маҷаллаи «World Poetic Circles» — Чин, маҷаллаи Черниговшина Украина, маҷаллаи мактуб Русия, хабаргузории АМИТ «Ховар», нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумхурият» ва ғайраҳо ба нашр расидаанд.

Ҳамчунин асарҳои ӯ ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, сербӣ, хорватӣ, украинӣ, ҳиндӣ, непалӣ, банголӣ, пашту, урду, полякӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Шӯрои байналмилалии Иттифоқи байналмилалии нависандагон, номзад ба ҷоизаи миллии адабии «Шоири сол – 2016», номзад ба ҷоизаи адабии ба номи Сергей Есенин-2016, номзад ба ҷоизаи «Мерос»-2017-и Озмуни байналмилалии ба номи Ф. Тютчев, дорандаи дипломи Фестивали байналмилалии кушоди мусиқӣ ва адабии «Ялос-2017-2018» ба номи Лев Болдов» мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид