КАНГУРТ — ДИЁРИ ПАҲЛАВОНОН. Ба шарафи Истиқлолият ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон ба шаҳраки зебою замонавӣ мубаддал гардидааст

Июль 4, 2022 14:56

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ«Ховар»/. Кангурт — ин диёри кӯҳистон ва бостон маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш рушд намуда, ба як шаҳраки замонавӣ бо фарогири тамоми инфрасохтори муосири зисту хизматрасонӣ табдил гардидааст. Тавре муовини аввали Раиси ноҳияи Темурмалик Бобохон Икромзода зимни боздиди корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон аз ин гӯшаи зебои диёр, ки бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкил гардида буд, гуфт: «маҳз бо ғамхорӣ ва саъю талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 280 иншооти дорои таъйиноти гуногун дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки зиёда аз 40 иншоот дар ҷамоати деҳоти Кангурт бунёд гардиданд.

Қасри фарҳанг, толор ва майдончаи варзишӣ дар мактаб – интернати деҳаи Кангурт, меҳмонхона ва тарабхона, марказҳои муосири хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсоли пойафзол, либос, мебелсозӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази саломатӣ, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмон, маркази сеошёнаи тиҷоратӣ ва чандин коргоҳи истеҳсолӣ,таъмиру таҷдиди 17 километр роҳи дохили деҳаи Сафарбоён, роҳи миёни деҳаҳои Давлатшоён, Чавроқ, Савда, роҳи дохили деҳаҳои Гузари Тор ва Оби Ширин, ки беш аз 10 километри онҳо асфалтпӯш гардидаанд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Тоҳир ва кашидани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи Оби Ширин ба анҷом расонида шуданд, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Кангурт диёри паҳлавонон ва шахсиятҳои фарҳангӣ

«Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон Кангурт аз калимаҳои «кант» — шаҳр ва «гурт» — «паҳлавон» ё «бузург» гирифта шуда, маънояш «диёри паҳлавонон» аст», — мегӯяд Раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Зуҳро Ҳакимзода.

Мавсуф илова кард, ки Кангурт ҳанӯз аз замонҳои қадим зодгоҳи шахсиятҳои маъруфи илму ирфон ва донишмандони соҳибмактаб буд ва дар он ҳунармандону паҳлавонон зиндагӣ намудаанд.


Номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» зикр шуда, муаллиф аз далериву қаҳрамонии мардуми ин диёри бостонӣ маълумот додааст. Тибқи сарчашмаҳои дигари таърихӣ,  аз ибтидои асри 16 то охири қарни 17 шумораи зиёди тоҷиконе, ки дар ҳамвориҳо сукуннат доштанд ба Кангурт ва Балҷувону Муъминобод омада, дар ин мавзеъҳо муқимӣ шудаанд.

Дар маъхазҳо зикр шудааст, ки илму маориф дар Кангурт дар нимаи дуюми асри 19 ва оғози қарни 20-ум дар ҳоли рушд буд. Дар он солҳо дар мадрасаҳои Кангурт ба ҷузъ аз илмҳои расмии динӣ, инчунин, илмҳои ҳандаса, риёзиёт, кандакорӣ, хаттотӣ, муҳрканӣ ва дигар ҳунарҳо низ таълим дода мешудаанд ва беҳтарин мударрисону толибилмони мадрасаҳои шаҳрҳои бузурги минтақа, аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд. Муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кангурт, бахусус шӯришҳои Холи Кангуртӣ, Мири Надир ва  Назир – паҳлавон дар даврони тираву тори амирони манғит аввалин талошҳои  истиқлолхоҳии мардуми ин диёр буд.

Бо дахли таърихи муосири ин кӯҳандиёр, Зӯҳро Ҳакимзода зикр намуд, ки 23-юми ноябри соли 1930 Кангурт ба ноҳия табдил шуд ва дар солҳои 40-ум аҳолии он беш аз 38 ҳазор нафарро ташкил дод.Солҳои 1948 – 1956 бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ аксари мардуми кӯҳистон ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кангурт ба водиҳо кӯчонида шуданд ва дар натиҷа аҳолии ноҳия коҳиш ёфт ва соли 1953 ноҳияи Кангурт барҳам дода шуд. Рушди иқтисодиву иҷтимоии Кангурт ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар оғоз гардида, ҳоло қариб 19 000 нафар аҳолии Кангурт иборат аз 2354 хоҷагӣ дар ҳайати ду ҷамоати деҳот – Кангурт ва Ҳусайнобод зиндагӣ доранд, ки аз ин омор 10 ҳазор аҳолӣ иборат аз 1223 хоҷагӣ ба ҷамоати деҳоти Кангурт рост меояд. Шуғли асосии сокинони Кангурт кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, ҳунарҳои дастӣ низ дар ин гӯшаи кӯҳистон хеле рушд ёфтааст.

Имрӯз Кангурт дорои роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, иншооти зиёди хизматрасонӣ, бозори муосир ва дигар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад, ки ин ҳама раванди бунёдкорӣ дар ин гӯшаи диёр ба баланд гардидани сатҳу сифати рӯзгори сокинони он мусоидат намудааст.

Бунёди коллеҷи тиббӣ бо дархости бонувони кангуртӣ 

Дар асоси дархости занону духтарони Кангурт дар мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2015 сурат гирифта буд, дар ҷамоати деҳоти Кангурт коллеҷи тиббӣ барои 250 нафар донишҷӯ бунёд гардид, ки дар маросими ифтитоҳаш Сарвари давлат иштирок намуданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Зӯҳро Ҳакимзода ба иштирокдорони корвони иттилоотӣ гуфт, ки дар коллеҷи тиббӣ алҳол 80 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳсил доранд.Соли равон қабули довталабон ба коллеҷ тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад, ки дар асоси он донишҷӯён аз тамоми ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Инчунин дар оянда барои донишҷӯёни Коллеҷи  тиббӣ бинои хобгоҳ иборат аз 6 ошёна бунёд мегардад, ки аллакай лоиҳаи он таҳия шудааст.


Мавриди зикр аст, ки муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурт дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуда, аз 3 ошёна иборат аст. Коллеҷи тиббӣ дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлис барои 230 ҷойи нишаст аст.

Дар маҷмӯъ дар Коллеҷи тиббӣ барои донишҷӯён тамоми шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Истифодаи нақшу нигори қасри «Ситорамоҳи Хоса» дар  бунёди «Кохи фарҳанг»-и Кангурт

Бинои муосири «Кохи фарҳанг» дар маркази Ҷамоати деҳоти Кангурт дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи чор сол бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷалби устоҳои чирадаст аз Истаравшани бостонӣ бунёд гардидааст. Кохи фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он шароити муосир барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муҳаё гардидааст.

Тавре директори «Кохи  фарҳанг»-и Ҷамоати деҳоти Кангурт, роҳбари ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Кангурт Ширинмоҳи Маҳмадсаид гуфт: «Кохи фарҳанг» аз толори кинову консертӣ бо зиёда аз 500 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ иборат аст.

Толори асосии «Кохи фарҳанг» бо  санъати наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулкорӣ ва оинабандӣ оро дода шудааст, ки басо диққатҷалбкунанда аст.


Сутунҳо ва деворҳои бино дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ дар омезиш бо меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.

— Дар девору сутунҳои бино нақшҳои коса, рубоб, шапарак, ова ва  каҷак дар асоси омӯзиши чакандӯзиҳои сокинони маҳаллӣ бо усули гаҷкорӣ ҳаккокӣ шудааст. Дар девори оинабандии кох нақшу нигори миллӣ, ба мисли қасри «Ситорамоҳи Хоса», ки дар Бухоро аввали асри 20 сохта шуда буд, гаҷкорӣ шудааст, — гуфт Ширинмоҳи Маҳмадсаид.

Инчунин дар девори роҳуҷраҳои кох нигораҳои «кундал», расмҳои манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, акси фарзандони маъруфи Кангурт, ки дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик  саҳми арзишманд гузоштаанд, назири Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Фаттоҳ Одинаев, Миратулло Атоев, Турахон Аҳмадхонов, Убайдулло Раҷабов, Ҳабибулло Бегов гузошта шудаанд, ки бозгӯи диёри фарҳангиён будани Кангурт аст.

Дар ошёнаи дуюми бинои Кохи фарҳанг ду ҳуҷраи корӣ ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва китобхонаи муосир таъсис дода шудааст, ки дар он 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ гирд оварда шудааст. Инчунин гӯшаи китобхонаро асарҳои Пешвои миллат мукаммал гардонидаанд.


Сокинони Кангурт барои табобати дандон ба маркази ноҳия намераванд

Ҳамзамон иштирокдорони корвони иттилоотии журналистон аз муассисаҳои тандурустӣ, ки дар деҳоти Кангурт ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар», Маркази табобати дандон бунёд гардидааст, боздид намуданд.

Раиси  Ҷамоати деҳоти Кангурт Зуҳро Ҳакимзода зикр намуд, ки Маркази табобати дандон  бо дарназардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба ташхису табобати дандон бунёд гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказҳои мазкур дорои шароити муосири хизматрасонӣ дастгоҳҳои муосири тиббӣ буда, дар он духтурони дорои таҷрибаи баланди касбӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Ба гуфтаи  Зуҳро Ҳакимзода,  бунёди марказҳои тиббӣ дар деҳоти Кангурт ба он мусоидат менамояд, ки минбаъд сокинони ҷамоат барои табобат   роҳи тӯлониро тай намуда ба маркази ноҳия  ё вилоят намераванд, балки дар деҳот табобат мегиранд.

«Пойафзоли Кангурт» бозоргир аст

Корхонаи истеҳсоли «Пойафзоли Кангурт» дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм» дар Ҷамоати деҳоти Кангурт бунёд гардида, дар он асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд дорад, истеҳсол мегардад.

Сардори коргоҳи пойафзолбарории «Пойафзоли Кангурт»  Фатҳулло Ғоибов гуфт, ки алҳол дар корхона 20 нафар коргар фаъолият дошта, ашёи хом аз дохили кишвар ва Узбекистон ворид мегардад. Хатти истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин мебошад. Вобаста ба талабот кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз беш аз 300 адад пойафзол мебошад.Корхона дорои толори намоиши маҳсулот буда, дар он намунаи маҳсулоти истеҳсолгардида, ба намоиш  гузошта шудааст.


Дар назди корхона мағоза фаъолият дорад, ки  маҳсулоти корхонаи «Пойафзоли Кангурт» дар он ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсолӣ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии  мардум дар деҳоти Кангурт мебошад.

Чеварони кангуртӣ либосҳои шинаму замонавӣ медӯзанд

Инчунин бо мақсади ҷалби бештари занону духтарони деҳот ба кори доимӣ дар ҷамоати деҳоти Кангурт аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарони деҳоти Кангурт ба дӯхтани либосу пироҳанҳои гуногуни занонаву мардона ва либосҳои мактабӣ машғуланд.


Коргоҳи дӯзандагӣ бо мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дӯхтани либос, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонанд, муҷаҳҳаз гардидааст. Ашёи хом асосан аз дохили кишвар дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардида –либос дар дохили ҷумҳурӣ, хусусан дар вилояти Хатлон ба фурӯш бароварда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 20 ҳазор либосҳои гуногуни занона, мардона ва мактабӣ мебошад.

Кӯдакони дӯстрӯ дар оғӯши «Бону» ба камол мерасанд 

Дар деҳоти Кангурт ҳамзамон боғчаи кӯдакон бо номи «Бону» фаъолият менамояд, ки барои тарбияи 150 нафар кӯдак аз соли 1983   таъсис дода шудааст. Соли  гузашта он бо маблағи 3,3 миллион сомонӣ бо ибтикори соҳибкори муваффақ Акбар Ғуломов аз таъмир бароварда шуд. Алҳол дар он 70 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.

Раванди корҳои бунёдкорӣ дар Кангурт  идома доранд

Раиси  ҷамоати Деҳоти Кангурт Зуҳро Ҳакимзода иброз намуд, ки ба ифтихори ҷашни 35 –солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат дар Ҷамоати деҳот  маркази тиҷоратӣ, ҳавзи шиноварӣ, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, корхонаи коркарди асал ва дигар инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар маҷмӯъ,  имрӯзҳо раванди корҳои созандагӣ дар деҳоти Кангурт босуръат идома дорад, ки он бозгӯи дурнамои рушди ояндадори ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон  мебошад. Инчунин сокинони меҳнатқарини Кангурт тасмим гирифтаанд, ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург- бунёди инфрасохтори хизматрасонию зист, ки ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба зиндагии шоиста ва баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва рушду  пешрафти ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони кишвар нигаронида шудааст, истиқбол намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Кангурт-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2022 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт