«РОҒУН» ВА ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ. Бо бунёди ин Кохи нури муҳташам Тоҷикистон миёни давлатҳои мутараққӣ мавқеи хосса пайдо менамояд

Июль 30, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди НБО-и «Роғун» яке аз иншооти бузурги аср маҳсуб шуда, аз чанд ҷиҳат аҳаммияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ бо бунёди ин иншоот дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда, корхонаҳое, ки бо сабаби норасоии барқ аз кор монда буданд, дубора ба кор оғоз мекунанд. Аз диду назарияи сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои мутараққӣ мавқеи хоссаи худро пайдо менамояд. Чунин ибрози назар намудааст номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Исфандиёр Миралиев дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки дар натиҷаи он вазъи зиндагӣ ва ҳолати иқтисодии мамлакат коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, ҷиҳати барқарор намудани ҳолати иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум давлату Ҳукумат дар назди худ ҳадафҳои стратегӣ муқаррар намуданд, ки аз инҳо иборат мебошанд: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ; ҳифзи амнияти озуқаворӣ; таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар.

Дар низоми ҳадафҳои стратегӣ ҷой ва нақши калидиро ду ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ишғол менамоянд. Дуюмӣ дар ҳоле имконпазир мегардад, ки агар ҳадафи қаблӣ – истиқлолияти энергетикӣ таъмин карда шавад. Дар маҷмӯъ ин ду ҳадафи миллӣ ҳам барои таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ ва ҳам барои рушди иқтисоди миллӣ хизмат мерасонанд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «аз ибтидои соли 2022 панҷсолаи саноатикунонии мамлакат шурӯъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад».

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи якчанд  лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шуд.

Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо бунёдкорони НБО-и «Роғун»  13 июли соли 2022 таъкид намуданд, ки «барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васли НБО-и «Роғун» тӯли солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ маблағ равона карда шуда, барои идомаи сохтмони неругоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ боз 2,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст».

Инчунин зикр гардид, ки ҳоло дар майдони сохтмон 10517  нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ ва боқимонда мутахассисони ватанӣ фаъолият доранд, ки 97%-ро ташкил медиҳад. Шумораи мошину механизмҳо, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 ададро ташкил медиҳад.

Яъне, Ҳукумати кишвар мубрамияти иншооти кохи нурро ба назар гирифта, новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, маблағгузориро ба ин самт бештар менамояд ва ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва дар заминаи он таъмин намудани ҳадафи чоруми миллӣ мебошад.

То имрӯз барои рушди соҳаҳои саноат ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ду агрегати ин иншооти аср ба кор андохта шуда, он рӯз дур нест, ки НБО-и «Роғун» пурра ба истифода дода шуда, корнамоии фарзандони фарзонаи миллат бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих ҳаккокӣ хоҳад шуд.

Мардуми шарифи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани тамоми агрегатҳои «Роғун» заҳмат кашида истодаанд. Онҳо медонистанд ва медонанд, ки бунёди НБО-и «Роғун» заминаи мусоиде барои ояндаи дурахшони миллат фароҳам меорад.

«Роғун» барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона буда, ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯйи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати ободу озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.

Исфандиёр МИРАЛИЕВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд